Гаравгонҳои "Ҳамос". Дар бораи асирон чӣ медонем?

Шаҳрвандони бедаракшудаи исроилӣ, ки гумон меравад дар миёни гаравгонҳо дар Навори Ғаза ҳастанд

Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" рӯзи ҳафтуми октябр дар ҳамлае ба Исроил садҳо нафарро кушт ва камаш 200 касро гаравгон гирифт. Исроил дар ҳамлаҳои ҷавобӣ ба Навори Ғазза боис ба марги ҳазорон нафар гардид.

Ҳоло Телавив тонкҳову сарбозонашро дар наздикии Навори Ғазза ҷамъ оварда, аз фаластиниён хостааст, ки пеш аз ҳамлаи эҳтимолии заминӣ қисмати шимолии бурунбумро тарк кунанд.

"Ҳамос" гуфтааст, ки гаравгонҳоро ба 6000 фаластинии зиндонӣ дар Исроил иваз хоҳад кард. Ин дар ҳолест, ки соли 2011 иддае ҳукумати Исроилро барои табдили 1027 маҳбуси фаластинӣ ба як сарбози исроилӣ танқид карда буданд.

ЧАНД ГАРАВГОН?

Телевизиони "Кан"-и Исроил рӯзи 19-уми октябр бо такя ба манобеи низомӣ хабар дод, ки дар Ғазза ҳудуди дусад нафар, аз ҷумла сӣ наврасу кӯдак ва бист шахси синнашон аз 60 боло гаравгон афтодаанд.

"Ҳамос" тасдиқ мекунад, ки дусад нафарро гаравгон гирифт ва 50 нафари дигар дар Навори Ғазза дар дасти гурӯҳҳои мусаллаҳ ҳастанд. Ҷангҷӯён мегӯянд, дар ҳамлаҳои ҳавоии Исроил беш аз бист асир кушта шуд, аммо ҷузъиёт надоданд.

ДАР КУҶОЯНД?

Исроил мегӯяд, гаравгонҳо ба Ғазза бурда шудаанд, аммо макони дақиқи онҳо дар минтақа маълум нест ва ин номуайянӣ наҷоти онҳоро мушкил гардондааст. Баъзе аз мансабдорон тахмин мезананд, ки шояд бисёре аз онҳо дар нақбҳои зеризаминӣ ё ба қавли нерӯҳои исроилӣ "метрои Ғазза" нигоҳ дошта мешаванд.

“Ҳамос” чанд рӯз пеш видеои Маей Шеми 21-соларо нашр кард, ки дар як ҷашнвораи мусиқӣ дастгир шудааст. Дар видео дида мешавад, ки як корманди ношиноси тиб захми ӯро табобат мекунад.

АЗ КАДОМ КИШВАРҲО?

Гаравгонҳо аз кишварҳои гуногун ҳастанд, вале аксари онҳо шаҳрвандии Исроилро доранд. Мушовири амнияти миллии Амрико Ҷейк Салливан гуфт, бист амрикоӣ ё бештар аз он дар Исроил бедарак шудаанд.

Таиланд теъдоди тахминии шаҳрвандони асируфтодаашро 17 нафар медонад. Ба иттилои расонаҳо, дар миёни гаравгонҳо ҳашт шаҳрванди Олмон низ ҳастанд.

Президенти Аргентина Алберто Фернандес дар як тамоси видеоӣ гуфт, 16 ҳамватанаш дар боздошт ҳастанд. Сухангӯйи нахуствазири Бритониё Риши Сунак гуфт, дастикам 9 шаҳрванди ин кишвар кушта ва ҳафт нафар бедарак шудаанд.

Фаронса дақиқ нагуфтааст, ки чанд шаҳрвандаш дар Ғазза нигаҳдорӣ мешаванд. Пас аз ҳамлаҳо ҳафт фаронсавӣ нопадид шуданд.

Ба гуфтаи ҳукумати Ҳолланд, Офир Энгели 18-сола низ рабуда ва ба навори Ғазза бурда шудааст. Португалия бовар дорад, ки чаҳор шаҳрванди нопадидшудааш дар асорат ҳастанд. Ду шаҳрванди Итолиё, ки низ дорои шиносномаҳои исроилӣ ҳастанд, бедарак шудаанд.

ЧӢ КОР МЕКУНАНД?

Як манбаъ ба хабаргузории “Рейтерз” гуфтааст, Қатар талош дорад барои раҳоии занону кӯдакони исроилӣ дар ивази озодии 36 зану кӯдаки фаластинӣ миёнравӣ кунад. То ҳол маълум нест, ки созише ба даст омадааст ё не.

Вазири корҳои хориҷии Туркия гуфт, кишвараш бо “Ҳамос” дар мавриди раҳоии хориҷиён, ғайринизомиён ва кӯдакон музокира мекунад. Вай ба хабаргузории давлатии “Андолу” гуфт, кишварҳое чун Амрико ва Олмон аз Туркия барои раҳоии шаҳрвандони худ мадад хостаанд.

Раисиҷумҳури Амрико Ҷо Байден гуфт, маъмурияти ӯ барои ёфтани гаравгонҳои амрикоӣ "сахт кор мекунад". Риши Сунак, нахуствазири Бритониё, гуфт, ҳукумати ӯ бо ҳампаймонҳояш дар минтақа барои таъмини бозгашти гаравгонҳо музокира мекунад.

Олмон таҳқиқро зидди аъзои “Ҳамос” ба гумони куштор ва гаравгонгирӣ оғоз кардааст. Бар асоси қонунҳои Олмон, додситонҳо вазифадоранд, ки ҷиноятҳои эҳтимолиро дар хориҷа тафтиш кунанд, агар дар он қазия шаҳрвандони Олмон дахил бошанд.

ХОНАВОДАҲО ЧӢ МЕГӮЯНД?

Шаҳрвандони Амрико дар Телавив аз Байден даъват карданд, ки барои ёфтан ва наҷоти хешовандони рабудашудаи худ аз тамоми имконият истифода кунад.

Хонаводаҳои шаҳрвандони бедаракшудаи Фаронсаву Исроил аз раисиҷумҳури Фаронса Эммануэл Макрон хостаанд, то дар пайдо кардани хешовандони гумшудаашон мадад намояд.

Оилаи гаравгонҳои олмонӣ гуфтаанд, рӯзи 22-юми октябр дар Берлин гирдиҳамоӣ баргузор карда, хоҳони раҳоии наздиконашон мешаванд.