Вай рӯзи 19-уми октябр дар нишасти матбуотӣ гуфт: "Дархости асосие, ки аз мардуми Бадахшон шунидем, поймол шудани ҳуқуқи онҳо дар солҳои 2021-2022 буд. Махсусан дар бораи шахсоне, ки боздошт шудаанд. Тарзи бархӯрд ва муносибат бо онҳо ба таври нодуруст сурат гирифтааст."
Фернанд де Варен илова кард, ки дар бораи маҳдудиятҳо барои иҷрои фаризаҳои динӣ ва мазҳабӣ низ шикоят гирифт. "Баъзе аз нигарониҳо барои маҳдудияти истифодаи забонҳои мардуми Бадахшон дар ҷойҳои гуногун баён шуд," – афзуд ӯ.
Гузоришгари вижаи Созмони Милал дар умури камшуморон гуфт, ҳамчунин аз бархе ақаллиятҳои Тоҷикистон шунидааст, ки онҳо дар порлумони кишвар намояндаи худро надоранд.
Ӯ ҷузъиёти бисёре аз масоили вобаста ба ақаллиятҳоро шарҳ надод ва гуфт, ки хулосаи ниҳои худро моҳи марти соли оянда нашр хоҳад кард. Ин гузоришро нахуст ба ҳукумати Тоҷикистон ва сипас ба Шӯрои ҳуқуқи башари Созмони Милал мефиристанд.