Луай Исса рӯзи 18-уми октябр дар нишасти хабарӣ гуфт, дар натиҷаи ин ҳамлаҳо бештар мардуми осоишта ҷон бохтанд. Ҳукумати Исроил мегӯяд, мушакборони Ғазза посух ба ҳамлаи гуруҳи фаластинии "Ҳамос" аст ва ҳадафаш ҷангӯёнанд, на мардуми осоишта.
"Давлати ишғолгари Исроил дар панҷ рӯз ба сари фаластиниҳо дар Ғазза бо вазни умумии беш аз 4 ҳазор тонна 6 ҳазор бомба партофтааст. Ин ба чаҳор бомби атомӣ баробар аст. Дар натиҷаи набудани маводи тиббӣ ва сӯзишворӣ бемористонҳо ба қабристон табдил ёфтанд. Фаластиниҳо дар Ғазза ба дафни наздикони худ дар қабрҳои дастҷамъона шуруъ карданд," -- гуфт Луай Исса ба хабарнигорон дар Душанбе.
Ин дар ҳолест, ки Исроил амалкардҳои худро посух ба ҳамлаҳои гуруҳи "Ҳамос" дониста, мегӯяд, бар асари онҳо зиёда аз 1400 кас кушта ва сеюним ҳазор нафар маҷруҳ шудаанд. Исроил дар садади амалиёти заминӣ дар Ғазза аст. Ҷое, ки "Ҳамос" қаламравашро мушакборон кард.
Гузориши видеоиро инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Сафири Фаластин дар идома аз ҳалокати наздик ба 3 ҳазор нафар ва захмӣ гаштани 10 ҳазор нафар хабар дод ва аз бетарафии ҷомеаи ҷаҳонӣ, ба хусус ҷонибдории бархе кишварҳо аз амалкарду хушунатҳои Исроил дар Фаластин интиқод кард.
Луай Исса, аз "стандартҳои дугона" дар сиёсати ҷаҳонӣ интиқод кард. Ӯ гуфт, "ин амалҳо нақзи ҳуқуқи байналмилалӣ, қонунияти байнулмилалӣ ва қатъномаҳои он маҳсуб мешаванд ва он чизеро, ки аз эътибори СММ боқӣ мондааст, халалдор мекунад."
Ин дар ҳолест, ки сарони бисёре аз кишварҳои ҷаҳон хушунтаҳои ахирро дар Фаластин маҳкум ва аз қурбон шудани одамони бегуноҳ дар ин ҳамлаҳо изҳори таассуф карданд.
Қабл аз нишасти хабарии сафири Фаластин дар Тоҷикистон мустанаде аз таърихи низоъ дар Ховари Миёна намоиш дода шуд. Ба иддаои сафир, Фаластин ҳоло танҳо 2 ё 3 дарсади қаламравҳои таърихиашро дар ихтиёр дорад.
Даргириҳо дар Ховари Миёна субҳи ҳафтуми октябр бо ҳамлаи ғофилгиронаи гурӯҳи "Ҳамос" ба маҳалҳои аҳолинишини Исроил шурӯъ шуданд Исроил дар посух ба ҳамлаҳои “Ҳамос” Ғаззаро мушакборон мекунад, ки ҳазорон нафар куштаву захмӣ шуда, қисмате аз ин шаҳрро ба харобазор табдил кардааст. Хабари ҳалокати наздик ба 500 нафар дар таркише дар бемористони "Ал-Аҳлӣ" ҷаҳонро такон дод ва дар робита ба он ҷаласаи Шӯрои Амнияти Созмони Милал баргузор мешавад.