Расонаи "Bloomberg" навиштааст, ки ин иқдом ба хотири пешгирӣ аз ворид шудани террористон ба Амрико гирифта шудааст.
Маъмурияти президенти ИМА Ҷо Байден ба ИА ва кишварҳои узви иттиҳод ҳушдор додааст, ки нисбат ба сайёҳони баъзе аз кишварҳои Осиёи Марказӣ чораҳои сахт андешанд. Пурзӯр шудани тадобири амниятӣ ба хабарҳо дар бораи вуруди як гуруҳи муҳоҷирон ба ИМА бо мусоидати қочоқбаре, ки гӯиё бо гуруҳи террористии “Давлаи исломӣ” тамос доштааст, рабт дода мешавад.
Маъмурияти президенти Амрико рӯзи 28-уми августи имсол гуфт, як фарди қочоқбар, ки бо гуруҳи ифротгарои ба ном “Давлати исломӣ” иртибот доштааст, барои фиристодани даҳҳо паноҳҷӯи узбек ба Амрико мусоидат кардааст. Телевизиони CNN хабар дод, ки ин фардро дар Туркия дастгир намуданд.
Моҳҳои ахир сафари тоҷикону узбекон ба Амрико аз тариқи қаламрави Мексика ва дархости паноҳҷӯӣ кардани онҳо зиёдтар шудааст. Мақомоти Амрико мегӯянд, ҳар касе сарҳади Иёлоти Муттаҳидаро ғайриқонунӣ мегузарад, ронда хоҳад шуд.