Президенти Амрико гуфт, таркиш дар бемористони Навори Ғазза, ки боис ба марги садҳо кас шуд, зоҳиран кори дасти Исроил нест.
Ҷо Байден рӯзи 18-уми октябр дар мулоқот бо сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу гуфт, "бар асоси он чи ман дидам, ба назар мерасад, ин корро гуруҳи дигар анҷом додааст, на шумо."
Таркиши маргбор дар бемористони Навори Ғазза рӯзи 17-уми октябр рӯй дод.
Вазорати тандурустии Ғазза, ки зери раҳбарии "Ҳамос" аст, Исроилро масъул донист.
Артиши Исроил гуфт, дар ин ҳодиса даст надорад, балки мушаки хатохӯрдаи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластин сабаби таркиш дар бемористон шудааст. Ин созмон низ масъулиятро напазируфт.
Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.