Рӯзи 17-уми октябр дар натиҷаи зарба ба ин бемористони Навори Ғазза, минтақаи зери итоати гуруҳи "Ҳамос", садҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон аз 18-уми октябр омадааст, “иншооти ғайринизомӣ, махсусан беморхонаҳо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд мавриди ҳамла қарор гиранд ва дар ҳама гуна шароит бояд макони амн барои хизматрасонӣ ба мардум бошанд.”
Вазорат бе овардани номи кишвар ё гуруҳе “ҷонибҳоро барои оташбаси фаврӣ ва оғози муколама баҳри ба эътидол овардани вазъ” даъват кардааст.
Мақомоти фаластинӣ гуфтанд, дар таркиши бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Ғазза зиёда аз 500 кас ҷон бохт. Онҳо Исроилро масъули ҳодиса донистанд. Артиши Исроил, баръакс, гурӯҳи фаластинии "Ҷиҳоди исломӣ"-ро гунаҳкор шумурд. Ҳалокати садҳо нафар дар бемористон рӯзи 17-уми октябр вокунишҳоро ба миён овард. Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Таркиш дар бемористони Ғазза. Садҳо кас кушта шудаандВокунишҳо ба кушта шудани садҳо нафар дар таркиши як бемористон дар Ғазза. ВИДЕО