Ба хабари расонаҳои байнулмилалӣ, Вазорати тандурустии Ғазза ҳодисаро "натиҷаи ҳамлаи ҳавоии Исроил" донист ва гуфт, дар натиҷаи он ба камияш 500 нафар кушта шудаанд.
Дафтари матбуоти "Ҳамос" онро "ҷинояти ҷангӣ" хонд. Дар баёнияи гуруҳ гуфта шудааст, ки "бемористон макони садҳо маризу маҷруҳ ва мардуме буд, ки ба зӯр аз хонаҳои худ ронда шуда буданд."
Артиши Исроил шаби 17-уми октябр гуруҳи "Ҷиҳоди исломӣ"-и Фаластинро масъули ҳамла ба бемористони "Ал-Аҳлӣ" дар Навори Ғазза донист. Ба гузориши “Рейтерс”, як сухангӯйи артиши Исроил дар баёнияе гуфтааст: "Маълумоти истихборотӣ аз сарчашмаҳои гуногун, ки мо дар ихтиёр дорем, нишон медиҳад, “Ҷиҳоди исломӣ” масъули партоби нокоми мушакест, ки ба бемористони Ғазза зад.”
Аксҳо аз бемористони “Ал-Аҳлӣ"-и Навори Ғазза шишаҳои шикаста, утоқу долонҳои сӯхта ва ҷасадҳоро нишон медиҳанд.
Ҳамла ба бемористони Навори Ғазза вокунишҳоро ба бор овардааст. Аҳмад Абулғайт, дабири кулли Иттиҳодияи Араб, дар навиштае дар шабакаи Х (Твиттер) аз раҳбарони ҷаҳон хост, ҳарчи зуд “ин фоҷиаро боздоранд”.
Раҷаб Таййиб Эрдуғон, раиси ҷумҳурии Туркия, ҳамларо маҳкум карда, гуфтааст, “аз тамоми башарият мехоҳам, барои боздоштани зулми бесобиқа дар Ғазза даст ба иқдом бизананд."
Сухангӯйи Вазорати корҳои хориҷии Эрон Исроилро муттаҳам кард, ки “ба усулу қавоиди ҳуқуқи байнулмилал дар замони ҷанг пойбандии кӯчактарин надорад".
Мудири кулли Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар паёме дар шабакаи X (Твиттер) хоҳони муҳофизати фаврӣ аз шаҳрвандон ва бахши беҳдоштӣ дар Навори Ғазза шуд.
Артиши Исроил пештар ба мардуми Навори Ғазза дастур дода буд, ки шимоли ин борикаро тарк карда, ба ҷануб бираванд, то аз ҳамлаҳо эмин бимонанд.
Мақомҳои Вазорати тандурустии “Ҳамос” рӯзи сешанбе гуфтанд, ки дар ҳамлаҳои Исроил ба Навори Ғазза дар ёздаҳ рӯзи охир ҳудуди се ҳазор фаластинӣ кушта шуданд.
Ҳамлаҳои маргбори гуруҳи “Ҳамос” ба шаҳру шаҳракҳои Исроил дастикам 1400 кушта барҷой гузоштааст. Дар посух Исроил Ғазаро бомбборон мекунад ва бо муҳосираи Ғаза мехоҳад, амалиёти заминиро дар ин ҷо роҳандозӣ намояд.
Бо ин ҳол, аз ҷониби кӣ сар задани зарба ба бемористони Ғазза, ки садҳо кушта барҷой гузошт, номаълум ва баҳсӣ мемонад.