Вазири дифои Эрон ба Душанбе меояд

Муҳаммадризо Оштиёнӣ

Вазири дифои Эрон Муҳаммадризо Оштиёнӣ дар сафаре ба Тоҷикистон ҳамкориҳои низомии ду кишварро бо мақомти тоҷик баррасӣ хоҳад кард. Ба гуфтаи хабаргузории "Меҳр", Оштиёнӣ дар садри як ҳайат рӯзи сешанбеи 17-уми октябр вориди Душанбе, пойтахти Тоҷикистон мешавад.

Фаридун Муҳаммадалиев, сухангӯи Вазорати дифои Тоҷикистон, 16-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ сафари генерал Оштиёниро ба Душанбе тасдиқ намуд, вале барномаи онро шарҳ надод.

Сафари вазири дифои Эрон дар ҳоле ҷараён мегирад, ки равобити ниҳодҳои низомии ду кишвар дар солҳои охир рӯ ба густариш дорад. Соли гузашта созиши ду тараф дар таъсиси корхонаи муштараки тавлиди паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини навъи "Абобил-2” расонаӣ шуд, вале то куҷо ин тарҳ амалӣ гашт, номаълум монд.

Равобити ду кишвар баъди соли 2015 сарду тира буд ва танҳо солҳои охир рӯ ба беҳбуд ниҳод. Тоҷикистон Эронро дар ҳимоят аз ҳизби мамнуъи наҳзати исломӣ ва чанд қатли сиёсӣ муттаҳам мекард.