Зилзила бори дигар Афғонистонро ларзонд

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Дар ғарби Афғонистон дар зилзилаи нав дастикам як нафар кушта ва 150 тани каси дигар захмӣ шудаанд. Зилзила баъди он рух дод, ки дар заминҷунбии беш аз як ҳафта пеш садҳо нафар, асосан дар шаҳри Ҳироту атрофи он ҷон доданд. Такрори фалокат мардуми вилоятро ба дарду ранҷи зиёд гирифтор кардааст.