Истеҳсоли бесарнишинҳои туркии "Anka" соли оянда дар Қазоқистон ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар ин бора расонаҳои қазоқистонӣ бо такя ба Эррол Оғуз, як намояндаи ширкати туркии Turkish Aerospace Industries (TAI) хабар медиҳанд.
"Мо ҳадаф гузоштаем, ки на танҳо истеҳсолро ба роҳ монем, балки таҷриба ва технологияро ҳам дар ихтиёри Қазоқистон гузорем, то ин ки ин кишвар дар оянда мустақилона дастгоҳҳои бесарнишин истеҳсол кунад", - гуфтааст Оғуз.
Шартномаи истеҳсоли дастгоҳҳои бесарнишини туркӣ дар Қазоқистон моҳи майи соли 2022 имзо шуда буд.