Исроил рӯзи 13-уми октябр ба мардум ҳушдор дод, ки ба ҷануби Ғазза бираванд. Ин кишвар ваъда додааст, ҷангҷӯёни гуруҳи фаластинии "Ҳамос"-ро нобуд хоҳад кард.
"Ҳамос" ҳафтаи гузашта ба зидди Исроил ҳамлаи ғофилгирона ва маргбор анҷом дод.
Созмони Милали Муттаҳид ҳушдор додааст, ки беҷо кардани ниме аз сокинони Навори Ғазза сабаби буҳрони башарӣ хоҳад шуд.
Расонаҳои наздик ба "Ҳамос" мегӯянд, ҳавопаймоҳо болои мошинҳое тир холӣ мекунанд, ки аз шимол ба ҷануби Ғазза мераванд ва то кунун беш аз ҳафтод нафар дар ин мошинҳо кушта шудаанд.
Исроил мегӯяд, як амалиёти муваққатиро дар Ғазза оғоз кардааст, то афроди мусаллаҳро саркӯб ва 150 исроилии асируфтодаро пайдо кунад.
Навори Ғазза бо 360 километри мураббаъ масоҳат сарзамини хурд ва муҳосирашудаест, ки зиёда аз ду миллион фаластиниро дар худ ғунҷондааст. Ба ҳисоби миёна дар ҳар километри мураббаъ наздик ба 6 ҳазор кас зиндагӣ мекунанд. Гурӯҳи фаластинии "Ҳамос" солҳо боз бар он ҳоким аст.