Шумори аҳолии Тошканд ба беш аз 3 млн расидааст

Шумори сокинони шаҳри Тошканди Узбекистон ба 3 миллиону 200 ҳазор нафар расидааст.

Оҷонси давлатии омори Узбекистон хабар дода, ки дар ҳоли ҳозир дар пойтахти он кишвар 1,481 миллион мард ва 1,538 миллион зан зиндагӣ мекунад.

Сераҳолитарин ноҳияи Тошканд Олмазор номида шудааст, ки дар он 395 ҳазор нафар ба сар мебарад.

Шумори аҳолии Тошканд дар соли 1960 беш аз як миллион, дар соли 1985 ду миллион ва дар соли 2023 ба беш аз се миллион расидааст.