Ҷосусӣ барои Украина? Шарифҷон Тиллозода кист? ВИДЕО

Шарифҷон Тиллозода

Ҷавони тоҷике, ки ба навиштаи расонаҳои Русия ба гумони ҷосусӣ ба нафъи Украина боздошт шудааст, чанде пеш аз дастгир шудан гуфта буд, ки аз ноилоҷӣ ба артиши Русия пайваст. Шарифҷон Тиллозода аз як тамрингоҳи ҳарбӣ сӯҳбат мекард, ки онҷо ӯро барои рафтан ба Украина омода мекарданд.  

Аммо ҳоло ин сокини 32-солаи Панҷакенти Тоҷикистонро ба ҷосусӣ ба нафъи Украина муттаҳам мекунанд. Ба иддаои мақомоти Русия, Шарифҷон Тиллозода иншооти муҳими ҳарбии ин кишварро ба навор гирифта, “ба ҳарбиёни Украина мефиристод”. Тиллозодаро 10-уми октябр бо дархости Хадамоти федеролии амнияти Русия ё ФСБ ба ду моҳи ҳабси пешакӣ гирифтаанд. Дар сурати исбот шудани иттиҳом ба Шарифҷон Тиллозода аз 10 то 20 сол зиндон таҳдид мекунад.

Бархе аз дӯстонаш ва корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ин айбномаро бепоя хонда, мегӯянд, эҳтимол ин бархӯрде барои саркашӣ аз рафтан ба ҷанги Украина бошад. Ба гуфтаи онҳо, ӯ аз пайвастан ба артиши Русия пушаймон шуда, мехостааст аз тамрингоҳ берун шавад.

Шарифҷон Тиллозода аз дохили пойгоҳи ҳарбӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксу наворҳои худро нашр мекард ва ба андешаи бархе аз онҳо шояд ҳамин сабаби шубҳаву боздошташ шудааст.

Нилуфари Азиз, яке аз онҳое, ки бо Шарифҷон Тиллозода шиносоӣ доштааст, дар Фейсбук навишт, “дар охирин навиштаҳояш мегуфт, ки ба ҷанг намеравам ва дуогӯй бошед, ки ҷавобам диҳанду баргардам. Ӯ ҳатто барои харидани билети парвоз ба Тоҷикистон пул надошт. Пас, чӣ гуна метавонад ҷосуси Украина бошад?”

Худи Шарифҷон Тиллозода моҳи сентябр дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфта буд, давоми як моҳ усулҳои ҷанг ва истифодаи яроқро ба ӯ омӯзонданд. “Имрӯз пагоҳ мебаранд моро. Розӣ нестам, вале чӣ кор кунам? Тоҷикистон равам, боздошт мешавам, чанд маротиба пахши мустақим карда, ҳақиқатро гуфтам. Ё қурбон мешавам ё намедонам, ман дар ҳаётам ин хел кор накардаам, аммо дигар илоҷ наёфтам.”

Видеоро дар инҷо бинед:

Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Русия ҷавони тоҷикро ба ҷосусӣ муттаҳам кард

Шарифҷон Тиллозода дар ҳамин суҳбаташ гуфта буд, дар Русия бепулу бекор монда, аз тарси боздошт наметавонист ба Тоҷикистон баргардад. Барои ҳамин ба гуфтаи Тиллозода, ба ҷуз қабули пешниҳоди ширкат дар ҷанг роҳе наёфт.

“Як бача ваъда дод, ки дар корхонаи гӯшт барои ман ҷойи кор меёбад. Омадам ду ҳафта бекор хоб рафтам кор нест. Баъд дар қади кӯча мондам. Ҳамин эълонҳои “Служит на родину”-ро дидам занг задам ва рафтам. Онҷо тоҷикони муқими Русия чун ихтиёрӣ кор мекарданд. Гуфтанд, чаро шумо як бачаи ҷавону зебо ҷанг рафтан мехоҳед? Ман гуфтам, ҳаёти ман ҳамин хел шуд, куҷо равам, ба кӣ муроҷиат кунам?”

Шарифҷон Тиллозода хатмкардаи Донишкадаи фарҳанг ва санъати Душанбе буд ва худро ҳунарпешаи театр ва кино муаррифӣ мекард. Қаблан дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз ноадолатӣ дар соҳаи фарҳангу кинои Тоҷикистон шикоят карда иддао карда буд, ки ӯро беасос аз “Тоҷикфилм” рондаанд.

Бори охир ӯ моҳи январи имсол ба Русия рафт. Зеро ба иддаои Шарифҷон Тиллозода дар Тоҷикистон таҳти фишори мақомот қарор дошт. Вай иддао кард, ки онҳо аз ӯ талаб мекарданд, ба мақолаҳои танқидӣ алайҳи кишвар ба мухолифон посуху нависаду навор нашр кунад.

“Занг мезананд, дар кор ё мардикорӣ ҳастам, мегӯянд, срочно як вокуниш бояд навис. Дар дилам зад. Ба касе муроҷиат мекардам, бенатиҷа буд,”—гуфт, Шарифҷон, дар сӯҳбаташ моҳе пеш бо Озодӣ.

Мавқеи мақомоти Тоҷикистон ба ин иддаои ҷавон маълум нест. Вале чунин таҷрибаи ба истилоҳ, “фабрикаи ҷавоб”-ниҳодҳои ҳукуматӣ борҳо расонаӣ шудааст.

Ба ҷосусӣ барои Украина муттаҳам шудани як шаҳрванди Тоҷикистон ҳодисаи камсобиқа аст, аммо то имрӯз даҳҳо ҷавони тоҷик иҷборӣ ва гоҳе ҳам аз ноилоҷи ва фирефтаи ваъдаҳои мақомоти Русия ба артиш ва ҷанг бурда шудаанд. Хабари марги беш аз 20 ҷавони тоҷик дар ҷанги Русия алайҳи Украина расонаӣ шудааст. Қаблан Сафорати Тоҷикистон дар Русия ҳам ҳушдор дода буд, ки ба барои ширкат дар ҷангҳои хориҷӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешаванд.