Дар ин сафар Путин бо ҳамтои қирғизистониаш Содир Ҷабборов мулоқоту гуфтугӯ ва дар чорабиниҳои бахшида ба 20-солагии таъсиси пойгоҳи низомии Созмони паймони амнияти дастаҷамъӣ (СПАД) дар шаҳри Кант иштирок мекунад.
Рӯзи 13-уми октябр дар шаҳри Бишкек ҷаласаи Шӯрои сарони Иттиҳоди давлатҳои мустақил баргузор мешавад.
Рӯзи 12-уми октябр дар шаҳри Бишкек дар рӯзи сафари Путин иқдоми эътирозӣ баргузор шуд.
Бакит Ордобоев, роҳбари бунёди байналхалқии хайриявии "Тунук-Улук" гуфт, ба танҳоӣ дар гулгашти ба номи Максим Горкий қатъи ҷанг дар Украинаро талаб кардааст. Кормандони пулис ӯро боздошт карданд.
"Зери акси Путин ман навиштам: "Ҷангро қатъ кун!" ва ба эътироз баромадам. Вай ба саммит омад, ман хостам таваҷҷуҳи мардумро ба ин масъала ҷалб кунам. Дар ҷанги зидди Украина ҷавонони мо ҳам кушта мешаванд", - нақл кард Ордобоев дар суҳбат бо расонаҳо.