Расонаҳои давлатии Эрон гузориш доданд, ки раисиҷумҳури Эрон Иброҳим Раисӣ ва валиаҳди Арабистони Саудӣ Муҳаммад бин Салмон дар бораи муноқишаи Исроилу Фаластин гап задаанд. Ба иттилои онҳо, гуфтугӯи телефонӣ рӯзи 11-уми октябр анҷом шуд.
Ин тамоси аввалин баъд аз созиши Теҳрону Риёз барои аз сар гирифтани муносибатҳои ду кишвари "рақиб" дар Ховари Миёна аст. Созиш бо миёнравии Чин моҳҳо пеш ба даст омадааст.
Ба навиштаи расонаҳои давлатии Эрон, Иброҳим Раисӣ ва Муҳаммад бин Салмон "зарурати хотима додан ба ҷиноятҳои ҷангиро алайҳи Фаластин" баррасӣ кардаанд.
Арабистони Саудӣ тамоси Муҳаммад бин Салмон ва гуфтугӯи ӯро бо президенти Эрон дар бораи ҷанги Исроилу Фаластин шарҳ надод.
Даргирӣ байни гуруҳи фаластинии "Ҳамос" ва нерӯҳои Исроил рӯзи 7-уми октябр сар шуд ва то кунун идома дорад. Аз ҳар ду тараф ҳазорҳо кас кушта ва захмӣ шудаанд.