Тоҷикон мегӯянд, ҷанги Ховари Миёна бояд бас шавад
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ҷанги миёни гуруҳи “Ҳамос” ва Исроил на танҳо амнияти Ховари Миёнаро ба ҳам задааст, балки ба кишварҳои дигари мусулмоннишин, аз ҷумла Тоҷикистон низ таъсир дошта метавонад. Таҳлилгароне, ки Радиои Озодӣ бо онҳо ҳамсуҳбат шуд, мегӯянд, ин ҷанг метавонад боиси афзоиши ифротгароии исломӣ шавад.