Гуфтугӯи Путин ва Эрдуғон дар бораи ҷанги Исроилу "Ҳамос"

Раҷаб Тайиб Эрдуғон ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Роҳбарони Туркия ва Русия 10-уми октябр дар бораи ҷанги нав миёни "Ҳамос" ва Исроил телефонӣ гуфтугӯ кардаанд. Ба навиштаи Кремл, "оташбас ва оғози гуфтушунидҳо" мавзӯи меҳварии суҳбати Владимир Путин ва Раҷаб Тайиб Эрдуғон буд.

Дар изҳороти Кремл аз "афзоиши фалокатбори маргу мир дар миёни ғайринизомиён" изҳори таассуф шудааст.

"Анадолу"-хабаргузории давлатии Туркия навишт, Эрдуғон аз тирборон кардани иншоотҳои ғайринизомӣ нигаронӣ карда гуфтааст, кишвараш барои таъмини амният дар минтақа ҳамаи талошашро хоҳад кард.

Рӯзи 7-уми октябр ва баъди ҳамлаи "Ҳамос" ба Исроил, миёни ду тараф даргирӣ сар шуд. Дар ин ҷанг, ки панҷ рӯз аст идома дорад, аз ду тараф беш аз 2 ҳазор нафар кушта ва садҳо нафар маҷруҳ шуданд.