Дар ин бора сухангӯи артиши Исроил Даниел Ҳогарӣ рӯзи душанбе хабар дод. Аммо ба гуфтаи ӯ, эҳтимол то ҳол дар ҳудуди Исроил гурӯҳҳои мусаллаҳе вуҷуд дошта бошанд, ки аз навори Ғазза ворид шудаанд.
Вазири дифои Исроил Йоав Галант эълом кард, ки артиши ин кишвар Ғаззаро комилан муҳосира мекунад. “Нерӯи барқ, ғизо ва сӯзишворӣ интиқол нахоҳад ёфт”, - гуфт ӯ.
Артиши Исроил зарбаҳоро ба Ғазза идома медиҳад ва гуфта мешавад, ҳадаф маҳви зербиноиҳои низомии Ҳамос аст. Ҳарчанд Вазорати тандурустии Фаластин мегӯяд, дар ҳамлаҳои Исроил сокинони мулкӣ ҳам кушта шудаанд.
Гуруҳи фаластинии “Ҳамос” рӯзи 7-уми октябр аз замин, ҳаво ва дарё ба Исроил ҳамла карда, марзи ин кишварро рахна кард. Гуфта мешавад ин яке аз ҳамлаҳои хунбортарин дар даҳсолаҳои охир аст.
Бино ба гузоришҳо, дар натиҷаи ин ҳамла ва ҳуҷуми ҷавобии Телавив дар Исроил ва Навори Ғазза беш аз ҳазор нафар кушта шудаанд.