Дар ин бора Девони вазирони Қирғизистон рӯзи 8-уми октябр хабар дод.
Хабаргузории давлатии “Ховар” изҳороти ба ин монанди ҷониби Тоҷикистонро нашр кардааст. Маълум нест, ки гап дар бораи кадом қитъаи марз меравад.
Аъзои гуруҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон аз 3 то 8-уми октябри имсол дар Бодканд якҷоя кор карданд.
Девони вазирони Қирғизистон гуфт, ҷаласаи навбатӣ дар ҳудуди Тоҷикистон мегузарад ва ҷонибҳо ба маълум кардани хати боқимондаи сарҳад идома хоҳанд дод.
Тоҷикистон бо Қирғизистон 970-980 километр сарҳад дорад, ки беш аз 600 километраш муайян шудааст.
Номуайян мондани бахшҳое аз сарҳад ҳар чанд вақт сабаби задухӯрди мардуму низомиён мешавад.
Марзи Тоҷикистон ва Қирғизистон дар ду соли гузашта шоҳиди муноқишаи хунин ва пурқурбонӣ буд. Даъво бар сари дастрасӣ ба замину чарогоҳҳо, роҳу обу манобеи дигар аст.
Бо вуҷуди идомаи равобити кории миёни ду кишвар, муносибатҳои сиёсии байни ду ҳамсояи наздик ҳанӯз пурра барқарор нашудааст, Марзи Қирғизистон ба рӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон баста мемонад ва додугирифтҳои тиҷоратию иқтисодии ду кишвар ҳам бисёр ночиз шудааст.