Мирзиёев ва Тоқаев ба Маскав рафтанд. Раҳмон Путинро телефонӣ табрик кард

Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи 7-уми октябр дар як суҳбати телефонӣ зодрӯзро ба Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русияро табрик гуфтааст. 

Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон бо нашри як хабари кӯтоҳ дар ин бора иттилоъ дода, навиштааст дар ҷараёни ин гуфтугу ду тараф ҳамчунин “дурнамои ҳамкориҳои дуҷонибаро дар доираи шарикии стратегӣ” баррасӣ кардаанд.

Ду рӯз пештар Владимир Путин, Эмомалӣ Раҳмонро, ки рӯзи 5-уми октябр зодрӯз дошт, бо як занги телефонӣ табрик гуфта буд.

Сӯҳбати дувуми телефонии Раҳмон бо Путин дар ҳоле баргузор шудааст, ки раиси ҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев ва Қосимҷомарт Тоқаев, президенти Қазоқистон дар ростои 71-солагии Путин бо Маскав сафар ва бо ӯ мулоқот кардаанд.

Онҳо дар маросими оғози интиқоли гази Русия ба Узбекистор тавассути қаламрави Қазоқистон ширкат карданд.

Аксари расонаҳо ба иштибоҳи Владимир Путин зимни мулоқоташ бо президенти Узбекистон таваҷҷӯҳ кардаанд. Президенти Русия дар вохӯрияш рӯзи 6-уми октябр ба ҷои Узбекистон аз Доғистон, ҷумҳурие дар ҳудуди Русия ном бурдааст. Вай аз Мирзиёев барои саҳмаш дар рушди “Равобити Русия ва Доғистон” сипосгузорӣ кард.

Дертар, сухангӯи Путин, дар матни сомонаи Кремл “Доғистон”-ро бо “Узбекистон” иваз кард.

Пештар Путин дар баёни номи президенти Қазоқистон, Қосимҷомарт Тоқаев ҳам иштибоҳ карда буд.

Раҳбарони кишварҳои ИДМ маъмулан дар рӯзи зодрӯзи Владимир Путин президенти Русия дар Маскав ҷамъ меоянд. Солҳои пеш онҳо дар ин рӯз, дар доираи нишасти сарони кишварҳои узви ИДМ ва СПАД дидору мулоқот мекарданд. Имсол ба пойтахти Русия танҳо Тоқаев ва Мирзиёев омаданд. Кремл гуфт, сарони чанд кишвари дигари дӯст бо Русия Путинро телефонӣ табрик кардаанд.

Дар пасманзари таҳримҳои ғарбӣ президенти Русия Владимир Путин, талош дорад бо раҳбарони кишварҳои маҳдуди ҳампаймонаш ба вижа Осиёи Марказӣ робитаашро мустаҳкамтар кунад.