Вазорати дифои Қирғизистон дар хабарномае гуфт, низомиёни тоҷикро “ботантана пешвоз гирифтанд.” Дар аксҳои нашршуда ҳам дида мешавад, ки сарбозони тоҷикистониро бо нону намак истиқбол мекунанд.
Ба гуфтаи Вазорати дифои Қирғизистон, неруҳои Тоҷикистон нахуст ба пойгоҳи Кант расида, сипас ба макони тамринҳо ба деҳаи Балиқчӣ бурда шуданд.
Қарор аст аз 9 то 13-уми октябр дар Қирғизистон тамрини неруҳои посдори сулҳи СПАД баргузор шавад. То ин лаҳза инчунин низомиёни Қазоқистон ва Беларус барои ширкат дар тамрине бо номи “Дӯстии шикастнопазир-2023” вориди Қирғизистон шудаанд.
Сафари низомиёни тоҷик ба Қирғизистон дар ҳоле баргузор мешавад, ки моҳи октябри соли гузашта Бишкек тамрини СПАД-ро дар қаламраваш бекор карда буд. Мақомоти Қирғизистон он вақт гуфта буданд, баъди муноқишаи хунин дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар моҳи сентябри соли гузашта, наметавонанд неруҳои тоҷикро қабул кунанд.
Душанбе ва Бишкек аз замони задухӯрдҳои хунин дар марз бо ҳам муносибати хубе надоранд. Мақомоти ду кишвар 4-уми октябр баъди вохӯрии комиссияҳои аломатгузории марз гуфтанд, талош мекунанд, масъаларо ҳарчи зудтар аз роҳи гуфтугӯ ҳал кунанд.
2 октябр тарафҳо дар шаҳри Бодканди Қирғизистон протоколеро имзо карданд, ки гуфта мешавад, шароити ҳалли мушкилоти марзии миёни ду кишварро фароҳам мекунад. Вале ҷузъиёти ин санад аз ҳарду ҷониб махфӣ дошта мешавад, ҷуз ин ки яке аз манбаъҳо дар Қирғизистон гуфт, "Тоҷикистон аз ҳамаи даъвоҳои марзияш даст кашидааст".
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Неруҳои СПАД дар Қирғизистон тамрин мегузаронанд Баҳси Қаробоғи Кӯҳӣ. Чаро Озарбойҷон ногаҳон ба ҳуҷум гузашт?Лукашенко гуфтааст, СПАД баҳси Душанбе ва Бишкекро “ҳал” кунадНигаронӣ аз хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои узви СПАДЯк соли ҷанг дар Украина. Тоҷикистон ва ҳамсояҳояш рӯ ё пушт ба Русия? ХАРИТА