Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронӣ аз хатари вуруди гурӯҳҳои террористӣ ба кишварҳои узви СПАД


Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ аз тақвияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва хатари вуруди онҳо ба кишварҳои узви ин созмон изҳори нигаронӣ кардааст.

Имонгалӣ Тасмагамбитов, дабири кулли ин созмон, ки дирӯз дар ҳамоише бо ширкати мақомоти баландпояи амниятӣ дар Маскав суханронӣ мекард, гуфт, дар Афғонистон дар баробари гурӯҳҳои мухталифи террористӣ, низомиён ё гурӯҳҳое ҳам, ки дар тавлиду қочоқи маводи мухаддир даст доранд, қавитар мешаванд.

Дабири кулли СПАД гуфтааст, "Таҳдидҳои печидае, ки аз сӯйи Афғонистон меояд, нигаронкунанда аст."

Аммо Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи ҳукумати Толибон, иддаоҳо дар бораи қавитар шудани гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ва ё таҳдиди истифодаи хоки Афғонистон алайҳи як кишвари дигарро қабул надорад.

Ӯ дар сӯҳбат бо бахши дарии Радиои Озодӣ гуфтааст: "Аморати Исломӣ ба касе иҷоза намедиҳад, ки хоки Афғонистонро алайҳи касе истифода ва таҳдид эҷод кунад."

Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ шаш кишвар, Русия, Арманистон, Белорус, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистонро дар бар мегирад.

Сарони кишварҳои узви ин Созмон дар нишасти моҳи майи соли гузашта ҳам аз вазъи ноороми Афғонистон ва таҳдиди он ба марзҳои худ нигаронӣ карда, тасмим гирифтанд, амнияти сарҳадҳои худро бо Афғонистон ва дигар кишварҳо таҳким бахшанд.

Қаблан Ҳинд ва Покистон ҳам аз қавӣ шудани гурӯҳҳои терористӣ дар Афғонистон изҳори ташвиш карда буданд.

Шӯрои Амнияти Созмони Милали Муттаҳид ахиран дар гузорише эълом кард, ки барои маҳдуд кардани фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ аз сӯйи Ҳукумати Толибон ҳеҷ талоше, ба назар намерасад ва баръакс ин гурӯҳҳо дар Афғонистон озодона ҳаракат мекунанд.

Як фармондеҳи баландпояи Амрикоӣ рӯзи 23- юми март шумори эҳтимолии аъзои ДИИШ дар Афғонистонро 225 нафар эълом карда ва гуфт, дар миёни онҳо террористҳои хориҷӣ низ ҳастанд.

XS
SM
MD
LG