Айшат (Оиша) Қодирова дар 21-солагӣ муовини вазири фарҳанги Чеченистон ва баъд аз як соли он вазири фарҳанг таъйин шуд.
Корманди хидматнишондодаи Чеченистон аст. Медалҳои "Барои хидмати шоиста", "Барои ҳимояи ҳуқуқи инсон", "Барои хидматҳо ба Чеченистон", барои "саҳмгузорӣ дар рушд"-и минтақа дорад.
"Бидуни шак, Айшат (Оиша) Қодирова дар беҳтар кардани кори Вазорати фарҳанг саҳм гузошта, таҷрибаи назаррас ҳосил кардааст", - навишт Қодиров дар шабакаҳои иҷтимоӣ.
Даҳҳо хеши Рамазон Қодиров дар Чеченистон мақом доранд. Соли 2018 бахши русии Би-би-сӣ ҳисоб карда буд, ки аз 158 мансабдори Чеченистон 30 дарсад хешовандони Қодиров ҳастанд.
Шавҳари Айшат (Оиша) Қодирова Висхан Матсуев моҳи июли имсол вазири кишоварзии Чеченистон таъйин шуд.