Кабирӣ дар Литва бо мақомот ва вакилон мулоқот кардааст

Муҳиддин Кабирӣ

Гурӯҳе аз аъзои Паймони миллӣ, як созмони мухолифи ҳукумати Тоҷикистон, ҳангоми сафар ба Литва бо мақомот, вакилони мардумӣ ва намояндагони ҷомеаи мадании ин кишвар гуфтугӯ кардаанд.

Дафтари матбуоти ин паймон дар баёнияи расмӣ рӯзи 29-уми сентябр гуфт, ҳайатро Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ ва ҳамзамон раиси Паймони миллӣ раҳбарӣ мекунад.

Дар ҷараёни мулоқот бо намояндагони расмии Литва, кишвари хурди Иттиҳоди Аврупо, дар бораи “вазъияти кунунии Тоҷикистон, минтақаи Осиёи Марказӣ ва ғайра табодули назар" сурат гирифтааст.

Ҷузъиёти дигаре аз ин гуфтугӯҳоро нашр накардаанд.

Сафари ҳайати мухолифони давлати Тоҷикистон дар Литва рӯзи 26-уми сентябр оғоз ёфтааст ва қарор аст, то поёни ин моҳ идома кунад.

Кишварҳои назди Балтик, ба вижа Литва, дар ҳоли ҳозир мизбони садҳо шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла, шуморе аз мухолифони сиёсии ҳукумат ҳастанд.

Паймони миллии Тоҷикистон, эътилофи иборат аз чор созмон ва гуруҳҳои мухолифи давлат дар хориҷ аз кишвар таъсис ёфтааст.

Додгоҳи олии Тоҷикистон онро як созмони ифротгаро эълон кардааст, вале аъзои он мегӯянд, ҳеч идеологияи ифротиро пайравӣ намекунанд.