Кобулов: Тоҷикистон мухолифи баъзе нукоти "Эъломияи Қазон" аст

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон баъзе аз нуктаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро тасдиқ накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд.

Расонаҳои русӣ аз қавли Замир Кобулов, намояндаи вижаи Русия дар умури Афғонистон навиштанд, ки Тоҷикистон баъзе аз нуктаҳои эъломияи нишасти "Формати Маскав"-ро тасдиқ накардааст. Нишасти "Формати Маскав" дар бораи Афғонистон 29-уми сентябр дар шаҳри Қазон оғоз шуд.

Ба иттилои хабаргузории русии ТАСС, Замир Кобулов ба хабарнигорон дар бораи натиҷаҳои нишасти шашуми "Формати Маскав" гуфт, "кори мо такмил шудааст, Эъломияи Қазон тақрибан тавассути ҳама, ба ҷуз Тоҷикистон, таъйид шуд. Шарикони тоҷики мо ба баъзе аз нуктаҳои ин эъломия эътироз доранд".

Кобулов дақиқ нагуфтааст, ки Тоҷикистон ба кадом нуктаҳои ин эъломия мухолифат кардааст. Ҷониби Тоҷикистон ҳам то кунун дар ин робита ибрози назар накарда.

Аммо ба иттилои расонаҳои русӣ, Шараф Раҳимӣ, намояндаи Тоҷикистон дар ҳамоиш гуфтааст, дар Афғонистон ҳуқуқи қавмҳои дигар нодида гирифта шуда, манобеи иқтисодӣ ва сиёсӣ ба таври нобаробар дар кишвар байни ақвом тақсим шудааст. Вай гуфтааст, Тоҷикистон аз ташкили як ҳукумати фарогир ҳимоят мекунад, ки дар он ҳама гурӯҳҳои қавмӣ ҳузур дошта бошанд.

Шараф Раҳимӣ дар ин ҳамоиш ҳамчунин гуфтааст, ки гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон афзоиш ёфтаанд ва ҷавонони ин кишвар талош доранд ба гурӯҳҳои террористӣ бипайванданд. Вай афзудааст, ин гурӯҳҳо аслиҳаи сабук ва вазнин дар ихтиёр доранд ва маълум шудааст, ки аз фурӯши маводи мухаддир даромад доранд.

Намояндаи Тоҷикистон дар нишаст ба фақри шадид ва вазъияти бӯҳронӣ дар Афғонистон ишора карда, гуфтааст, расидагӣ ба мушкилоти ҷиддии ҳуқуқи башар ва вазъияти бади иқтисодӣ ва ташкили ҳукумати фарогир дар ин кишвар хости ҳама кишварҳои ҳамсоя аст.

Тоҷикистон бо Афғонистон ҳудуди 1400 километр марзи муштарак дорад ва Шараф Раҳимӣ гуфтааст, ки ҳама кишварҳои кӯмакрасон метавонанд аз марзҳои Тоҷикистон истифода кунанд.

Ахиран Тоҷикистон ҳама пулҳои марзӣ бо Афғонистонро дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дигарбора боз кард.

Пас аз ба сари қудрат омадани Толибон, мақомоти Тоҷикистон дар мавориди зиёде нигаронии худро аз ҳузури ҷанҷӯёни тоҷик дар хоки Афғонистон иброз доштаанд. Дар авоили моҳи ҷорӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз се тан аз ҷангиёни гурӯҳи "Ансоруллоҳ" кушта шуданд. Мақомоти тоҷик эълон карданд, ки онҳо бо силоҳу таҷҳизоти зиёд аз қаламрави Афғонистон вориди Тоҷикистон шуданд.