Гуруҳе аз мухолифони ҳукумати Тоҷикистон ва Узбекистон рӯзи 29-уми сентябр дар назди идораи сарвазир ё садри аъзами Олмон дар Берлин ҷамъ шуданд. Баъзе аз ҷонибдорони ҳукумати Тоҷикистон дар роҳ ба қасри Белевюи президент Френк Волтер Штейнмайер саф кашиданд.
Раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки чанде пеш дар Чин ва Амрико буданд, рӯзи 28-уми сентябр ба Олмон расиданд.
"Ягон раҳбари кишварҳои Осиёи Марказиро мардум интихоб накардааст. Онҳо бо зӯр ба қудрат расиданд ва бо зӯр ҳукуматро нигоҳ медоранд," – гуфт Вайсиддин Одинаев, як намояндаи мухолифони ҳукумати Тоҷикистон.
Фарҳод Одинаев, фаъоли дигари тоҷик, рӯзи 29-уми сентябр гуфт, “мо аз олмониҳо мехоҳем, ки нагузоранд садри аъзамашон бо диктаторҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ кунад. Фарқ надорад, аз Узбекистон ё Туркманистон. Ҳамаашон диктатор ҳастанд. Яъне, бо ҳамкорӣ бо онҳо диктаториро қонунӣ мекунед. Ин ғайри қобили қабул аст.”
Намояндагони “Гуруҳи 24” ва “Паймони миллӣ”, ду созмони сиёсии мухолифи ҳукумат, чанд рӯз пеш гуфтанд, ки ба муносибати омадани президенти Тоҷикистон ба Олмон тазоҳурот мекунанд. Яке аз намоишҳои эътирозӣ рӯзи 28-уми сентябр дар назди сафорати Тоҷикистон дар Берлин гузашт.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мухолифон ва фаъолони Осиёи Марказӣ дар хориҷ 29-уми сентябр дар назди қароргоҳи президенти Олмон дар шаҳри Берлин низ аз раҳбарони 5 кишвари Осиёи Марказӣ талаб карданд, ки дар давр задани таҳримҳо ба Русия кумак накунанд.
Ҳамчунин хоста шуд, ки "таҷовузи низомии Русия алайҳи Украина ба таври оммавӣ маҳкум ва таблиғоти Кремл дар ин панҷ кишвар саркӯб карда шавад".
Эътирозгарон аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Қирғизистон Содир Ҷабборов, раисҷумҳури Узбекистон Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури Қазоқистон Қосимҷомарт Тоқаев ва раҳбари Туркманистон беҳбуди озодии баён, таъмини амнияти рӯзноманигорон ва қатъи таъқиби одамон бо ангезаҳои сиёсиро талаб карда, ҳамчунин хостаанд, ки аҳзоби мухолифро ба интихоботҳо роҳ диҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Тазоҳуроти гуруҳе аз мухолифони тоҷик дар Берлин