Эътирозгарон талаб доранд, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зиндониёни сиёсиро озод карда, ба ҳуқуқи одамон эҳтиром гузорад.
Яке аз иштирокдорони ҳамоиш ба Радиои Озодӣ гуфт, тақрибан 30 узви "Гуруҳи 24" ва Паймони миллӣ дар назди сафорат ҷамъ шудаанд. Фаъолияти ҳарду ниҳод дар Тоҷикистон бо қарори Додгоҳи олии ин кишвар ҳамчун созмонҳаи экстремистӣ ва террористӣ манъ шудааст.
Ба гуфтаи ҳамсуҳбати мо, пештар барои баргузории ҳамоиши эътирозӣ аз мақомоти Олмон иҷозат гирифтаанд ва ду пулис вазъиятро дар маҳалли тазоҳурот назорат доранд.
Шарофиддин Гадоев, яке аз намояндагони мухолифон, ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо талош карданд бо сафири Тоҷикистон вохӯрда, талаби эътирозгаронро расонанд. “Вале сафир моро напазируфт,” – гуфт Гадоев. Сафорати Тоҷикистон дар ин замина вокунише накардааст.
"Бисёр мехоҳем, ки масъалаи зиндониёни сиёсӣ дар миён гузошта шавад ва мушкилоти мавҷуд дар Тоҷикистон аз роҳи осоишта ҳаллу фасл гарданд," -- афзуд Шарофиддин Гадоев.
Президенти Тоҷикистон 28-уми сентябр барои иштирок дар вохӯрии сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ-Олмон ба Берлин рафт.
Мухолифини ҳукумат аз пеш эълон карда буданд, ки дар ҷараёни сафари Эмомали Раҳмон дар назди сафорат ва ҳам қароргоҳи президенти Олмон намоишҳои эътирозӣ баргузор мекунанд.
Вохӯрии президенти Олмон бо роҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ 29-уми сентябр баргузор мешавад.
Мухолифони ҳукумат Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳукуматдории тӯлонӣ, инҳисори қудрат, саркӯби дигарандешону нақзи густурдаи ҳуқуқи инсон танқид мекунанд. Мақомот ҳамвора ин танқидҳоро рад кардаанд.
Мухолифони сиёсии ҳукуматҳои Узбекистон ва Туркманистон низ гуфтаанд, дар баробари дидори президентҳои Осиёи Марказӣ дар Олмон ба намоиш мебароянд.
Гуфтугӯ