Президенти ҷумҳурии худхондаи Қарабоғи Куҳӣ Самвел Шахраманян фармони барҳамхӯрдани ҷумҳуриро аз 1-уми январи соли 2024 имзо кард.
Бар асоси фармон, “ҳамаи муассисаҳо ва идораҳои давлатии Ҷумҳурии Қарабоғи Кӯҳӣ то ин сана барҳам хоҳанд хӯрд".
Дар фармон ба аҳолии Қарабоғи Кӯҳӣ тавсия дода шудааст, ки "бо шартҳои Озарбойҷон барои якҷошавӣ шинос шаванд ва тасмим бигиранд, ки дар минтақа мемонанд, ё не."
Ба иттилои ҳукумати Арманистон, то субҳи 28-уми сентябр беш аз 65 ҳазор нафар маҷбур шудаанд, ки аз Қарабоғи Кӯҳӣ ба он кишвар бикӯчанд. Ин тақрибан ними аҳолии ҷумҳурии эътирофнашуда аст.
Ҳафтаи гузашта дар натиҷаи як амалиёти низомии Озарбойҷон мақомоти армании ҷумҳурии худхондаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки беш аз 30 сол боз вуҷуд дошт, ба Боку таслим шуданд.
Интизор меравад, тамоми қаламрави ин минтақа зери назорати Озарбойҷон гузарад.