Сокинони як қатор минтақаҳои аҳолинишин дар вилояти Қарағандаи Қазоқистон ба далели садамае бебарқ мондаанд.
Интиқоли барқ ба минтақаҳои дурдасти вилоят – Қарқаралӣ ва Бухор-Жырау низ қатъ шудааст. Мақомоти маҳаллӣ то ҳол теъдоди дақиқи сокинони бебарқро эълон накардаанд. Сабаби асосии рух додани садама низ гуфта намешавад.
Сокинон мегӯянд, шумори онҳое, ки аз барқ маҳрум шудаанд, ҳазорҳо нафарро ташкил медиҳад.
Дар Қарағанда дирӯз борони сахт боридааст ва сокинон тахмин мезананд, ки эҳтимол он ба кори шабакаҳои барқӣ таъсир расондааст.
Мақомоти Қарағанда 28-уми сентябр гуфтанд, ки мушкили бебарқиро қисман "ҳал" кардаанд. Мейрама Кожухова, раиси шаҳри Қарағанда гуфт, бемористонҳои шаҳр тавассути генераторҳо бо барқ таъмин шудаанд.
Раиси вилояти Қарағанда Эрмаганбет Булекпаев бо нашри муроҷиатномае вазъро шарҳ дода, онро "вазъияти фавқулода" номид.