Меъроҷиддин Раҷабови 19-сола панҷ моҳ пеш бар асоси қуръакашӣ ба артиш рафта буд. Дар назди "Автошкола"-и шаҳри Бохтар, вобаста ба Вазорати корҳои дохилӣ, хидмат мекард.
Мақомот ҳанӯз дар робита ба марги ӯ изҳори назар накардаанд. Масъулони қисми низомӣ ба пайвандонаш гуфтаанд, ки ӯ дар бемористони касалиҳои сили ноҳияи Рӯдакӣ (Мачитон) аз “сармохӯрдагии шуш” даргузашт.
Падараш мегӯяд, ӯ ҳеч беморӣ надошт. Маълум нест, дар артиш бемор шудааст ё беморияшро ҳангоми даъват ташхис дода натавонистаанд ё аслан ба он эътибор надодаанд.
Хонаводаи Меъроҷиддин Раҷабов дар деҳаи Калташури ҷамоати Машъали Вахш зиндагӣ мекунанд. Ӯ фарзанди дувуми оила аст.
Тошназар Мирзоалиев, бобои Меъроҷиддин, рӯзи 25-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфт, вай ду дафъа ба Русия рафта, баъди баргаштан бар асоси қуръакашии мақомоти ноҳия ба хидмат бурда шуд.
“Ҷасадашро оварданд. Масъулони қисми ҳарбӣ ва кормандони “Автошкола” гуфтанд, ки беморияш хуруҷ кард. Аввал ба шифохонаи ҳарбӣ дар Душанбе ва сипас аз онҷо ба беморхонаи бемориҳои сил бурдаанд. Ҳамон рӯз фавтидааст,” – нақл кард бобояш.
Марги сарбозони тоҷик дар сафи нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ҳодисаи нав нест. Дар моҳи августи имсол ҷасади Абубакр Ҳусейнзодаи 22-сола, сарбози қисми ҳарбии нерӯҳои марзбониро, ки дар шароити номаълуме ҳалок шудааст, ба пайвандонаш доданд.
Мақомот ба наздиконаш гуфтаанд, ӯ рӯзи 4-уми август дар долони қисми ҳарбӣ “афтод ва ҷон дод”, вале волидони Абубакр мегӯянд, дар пушти сараш “доғи зарби сахт” намудор буд. Наздиконаш гуфтанд, Абубакр Ҳусейнзода як фарзанд дорад ва баҳори имсол пас аз хатми Донишкадаи иқтисод ва савдо дар шаҳри Хуҷанд “довталабона” ба артиш рафт.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри соли гузашта ба Созмони Милал гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва ба сабаби "риоят нашудани оинномаи низомӣ" бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Ба гуфтаи мақомот, бо вуҷуди талошҳо барои решакан кардани бадрафторӣ дар қисмҳои низомӣ зуҳуроти мазкур ва пинҳон кардани он аз тарафи афсарон ҳамчунон вуҷуд дорад. Дар муддати се сол 639 мақоми расмӣ ва фармондеҳи тоҷик барои пинҳон доштани ҷиноятҳо дар қисмҳои низомӣ ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд ва ё танбеҳ гирифтаанд. Чизе, ки сабаби гурези ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон шудааст.