Ин коршиносон ва гузоришгарони баландмақоми Созмони Милал, ки барои риояи ҳуқуқи инсон дар саросари ҷаҳон кор мекунанд, дар нома аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ба иттилооту гузоришҳо дар бораи поймол шудани ҳуқуқи 9 хабарнигору блогер ва фаъолони мадании зиндонӣ рӯшанӣ андозад. Нома ҳафтаи гузашта нашр шуд.
Дар муроҷиати тӯлоние, ки моҳи майи имсол ба ҳукумат фиристодаанд, гузоришгарон аз сарнавишти хабарнигорону блогерон Далери Эмомалӣ, Абдулло Ғурбатӣ, Завқибек Саидаминӣ, Абдусаттор Пирмуҳаммадзода, Хушрӯз Ҷумъаев, вакилони дифоъ Абдулмаҷид Ризоев, Манучеҳр Холиқназаров, Фаромуз Иргашев ва фаъоли маданӣ Улфатхоним Мамадшоева изҳори нигаронӣ кардаанд.
Ҳамаи ин афрод пас аз моҳи майи соли 2022 ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум шуданд. Гузоришгарон дар номаи 20-саҳифаӣ гуфтаанд, ки ҳуқуқи онҳо дар бисёре аз марҳилаҳо зери по шудааст.
Аз ҷумла Далери Эмомалиро, ки блогҳои видеоияш бинандаи зиёд дошт, бо гуноҳи соҳибкории ғайриқонунӣ, дурӯғпароканӣ ва узвият дар созмони мамнӯи “Гуруҳи 24” ба 10 сол зиндон маҳкум карданд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, мақомот аз ӯ барои гузоришҳои танқидиаш ниқор гирифтанд.
Дар нома аз сарнавишти Улфатхоним Мамадшоева, хабарнигор ва ҳомии ҳуқуқ, ки ӯро намояндаи ақаллиятҳои помирӣ номидаанд, изҳори нигаронии амиқ шудааст. Гузоришгарони Созмони Милал аз он мутаассифанд, ки ҳукумати Тоҷикистон ба номаҳои пешинаи онҳо дар бораи ин бонуи зиндонӣ посух надодаанд.
Улфатхоним Мамадшоеваро баъди нооромиҳо дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон дар соли 2022 бо гуноҳи ташкили тазоҳурот дар Хоруғу Рӯшон ва гуноҳҳои дигар ба 21 соли зиндон маҳкум кардаанд. Тарафдоронаш мегӯянд, ҳамаи иттиҳомот сохтаву бофта аст.
Дар номае, ки аз ҷумла Мери Лолор, Гузоришгари вижаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба вазъи ҳомиёни ҳуқуқ, Ҷилл Эдвард, гузоришгари вижаи Созмони Милал дар мавриди шиканҷаву бадрафторӣ имзо гузоштаанд, иттилооти ҷузъӣ доир ба ҳар қазияи ин афрод оварда шудааст.
Муаллифони нома гуфтаанд: “Агарчӣ мо намехоҳем пешқазоват кунем, вале мехоҳем, нигаронии бисёр амиқи худро аз ҳукмҳои тӯлонӣ, ки аз даҳ сол ҳам зиёд аст, баён кунем.”
Дар нома ҳамчунин аз он изҳори нигаронӣ шудааст, ки баъзе аз ин афроди зиндониро ғайриқонунӣ ва худсарона дастгир кардаанд, ки мухолиф ба тамоми қонунҳои кишвар ва меъёрҳои байналмилалӣ аст.
Як амалкарди дигари мақомоти Тоҷикистон, ки коршиносони Созмони Милалро нигарон кардааст, истифода аз иттиҳомоти “ифротгароӣ ва экстремизм” аст, ки бисёре аз блогерону хабарнигорони боздоштшударо бо ҳамин барчасп ба зиндон андохтаанд.
Ба қавли коршиносони Созмони Милал ин гуна рафтори мақомоти Тоҷикистон паёми тарсноке ба ҳомиёни ҳуқуқ дар кишвар мефиристад, ки корашонро боздоранд, вагарна танбеҳи сахте мегиранд. Дар натиҷа ба гуфтаи муаллифони нома, фазо барои фаъолияти ҷомеаи маданӣ дар кишвар бисёр танг мешавад.
Коршиносону гузоришгарони Созмони Милал аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, то замони фиристодани посухашон ба ин нома замонат бидиҳанд, ки ҳуқуқи афроди зиндонӣ риоят мешавад ва саломатии онҳоро, ки баъзеашон беморӣ доранд, дар зиндон ба таври муносиб назорат мекунанд.
Номаи мазкурро расман моҳи май ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодаанд ва ҳукумат бояд дар муддати 60 рӯз ба он посух медод, аммо зоҳиран ҷавобе аз Тоҷикистон ба онҳо ҳануз нарасидааст, зеро Созмони Милал посухро дар вебсайте, ки номаро мегузорад, ҳатман нашр мекунад. Ҷойи посухи ҳукумати Тоҷикистон дар ин вебсайт холист.
Ҳукумати Тоҷикистон дар солҳои ахир на танҳо аз тарафи Созмони Милал, балки аз тарафи дигар созмонҳои мустақили ҳомии ҳуқуқ ва кишварҳои ғарбӣ барои зери по кардани ҳуқуқи инсон пайваста танқид мешавад.