Садҳо корбари шабакаҳои иҷтимоӣ аз марги Некрӯз Ниёзов, овозхони 28-солаи тоҷик, ибрози таассуф кардаанд. Наздиконаш ӯро ҳалиму ғамхор тавсиф намуданд, дигарон тарзи овозхонӣ ва рафторашро сутуданд.
Вай шаби 21-уми сентябр дар натиҷаи ба ҳам бархурдани ду мошини гаронбаҳо дар шаҳри Душанбе ҷон бохт. Яке аз иштирокдорони садама Комёб Файзуллои 18-сола писари Машраб Файзулло, ректори Донишгоҳи славянӣ гуфта мешавад. Ҳанӯз хонаводаи ӯ дар ин маврид вокуниш накардаанд.
Аз иштирокдори дигари садама Оятулло Аҳтамзода ном бурдаанд. Дар бораи ӯ маълумот нест. Вале корбарони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ як суолро зиёд мепурсанд, ки як ҷавон чӣ гуна соҳиби чунин мошини гаронбаҳое шудааст?
Видеоро дар инҷо тамошо кунед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Нодира Амирӣ, яке аз корбарон дар зери матлаби Радиои Озодӣ дар Фейсбук чунин навиштааст: “ҷавони 18-сола аз куҷо пул ёфт, ки чунин мошин бихарад? Мо то ҳоло кор мекунем, вале мошин харида наметавонем. Пул аз куҷо?”
Меҳрангез Турсунзода, хабарнигори тоҷик ҳам айни мавзуъро дар Фейсбук бардоштааст. Ӯ навиштааст, нафаре, ки тамоми умр дар идораҳои давлатӣ кор кардааст, метавонад ба писари 18-солааш мошини “Lexus”, ки қимати он ҳазорҳо доллар аст, бихарад?
Идомаи шарҳаш чунин аст: “Аз чӣ сабаб бошад, ки идораҳои дахлдор ба ин чашм мепӯшанд ва ҳеч ба манбаи даромади мансабдор таваҷҷуҳ намекунанд. Аламовараш ин аст, ки дар натиҷаи чунин бетаваҷҷуҳӣ одамони комилан бегуноҳ мефавтанд.”
Мақомот ба ғайр аз шарҳи ҳодиса ва инки таҳқиқи он идома дорад, дигар чизе намегӯянд. Аҳмад Азонов дар Инстаграм менависад:
“Гуноҳи волидонаш аст, ки ба бачаи ҷавон мошини гаронбаҳои бедарди миён харида додаанд. Оқибаташ ҳамин аст.”
Баъзе корбарон навиштаанд, дар ин ҳодиса волидайни ҷавон айб надоранд, чун онҳо низ намехостанд, ин фалокат сар занад.
Шарифов 49 дар Инстаграм навиштааст: “Дар садама падару модари ин писар гунаҳкор нестанд. Тақдири сароянда Некрӯз будааст. Умраш то инҷо будааст."
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ дар як масъала назари ягона доранд, ки гунаҳкорони садамае, ки боиси марги овозхони ҷавон шуд, бояд ҷазо гиранд.
Медик 2000 дар Инстаграм навиштааст: “бигзор сабабгори ҳодиса пушти панҷара равад. Қонун фақат барои камбағалҳо нест, ба онҳо низ дахл дорад. Аз рӯйи қонун кор кунед.”
Бори аввал нест, ки номи фарзандони мансабдорон дар робита ба садамаҳои марговар расонаӣ мешавад.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
Некрӯз Ниёзовро дар ноҳияи Шуғнон дафн карданд Писари ректори Донишгоҳи славянӣ дар садамаи маргбори овозхон ширкат доштааст. ВИДЕО Овозхони ҷавони тоҷик дар тасодуфи нақлиётӣ ҳалок шуд