Чанд сокини деҳаи Возми ҷамоати Поршнев ба Радиои Озодӣ гуфтанд, маросими видоъ бо Некрӯз Ниёзов баъд аз зуҳри 23-юми сентябр баргузор шуд.
Дар наворҳое, ки ба Радиои Озодӣ фиристоданд, дида мешавад, ки мардуми зиёде барои видоъ бо овозхони ҷавон ҷамъ шудаанд.
"Некрӯзро бо русуми мардуми Бадахшон ва бо сурудани фалаки мотамӣ ба хок супориданд,"-гуфт як ҳамсуҳбати мо дар деҳаи Возм.
Тибқи иттилои расмӣ, шаби 21 ба 22-юми сентябр ду мошини "Lexus RX350" соати 22:30 бо ҳам бархӯрда, баъдан Некрӯз Ниёзовро, ки дар канори роҳ меистод, пахш карданд. Яке аз ронандагон Комёб Файзулло 18 ва дигарӣ Оятулло Аҳтамзода 19-сола будаанд. Комёб Файзулло писари Файзулло Машраб Қурбоналӣ, ректори Донишгоҳи славянӣ аст.
Пахши ин хабар вокунишҳои зиёди корбарони шабакаҳои иҷтимоиро ба миён овард. Бисёриҳо пурсиданд, ҷавони 18-сола аз куҷо соҳиби нақлиёти гаронарзиши "Lexus RX350" шудааст? Бархеҳо бо ишора ба қазияи фарзандони чанд мансабдори дигар пурсиданд, оё писари ректори Донишгоҳи славянӣ муҷозот мешавад? Мақомот ба ҷуз аз нашри хабари расмӣ ва зикри инки таҳқиқи ҳодиса идома дорад, дар ин бора дигар чизе нагуфтаанд.