Анҷумани расонаҳои Осиёи Марказӣ таъсис меёбад?
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Дар вохӯрии ахири президентони кишварҳои Осиёи Марказӣ дар Душанбе, Эмомалӣ Раҳмон аз ҳамсояҳо даъват кард, ки як анҷумани воситаҳои ахбори умуми минтақаи Осиёи Марказӣ таъсис шавад. Бархе таҳлилгарон ин даъватро як талоши дигари ҷорӣ кардани сензура меноманд, вале акнун дар сатҳи минтақавӣ.