Александр Шишлянников, генерали артиши Узбакистон ва аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон дар 73-солагӣ даргузашт. Вазорати мудофиаи Узбекистон хабар дод, ки Шишлянников баъди бемории тӯлонӣ 15-уми сентябр даргузашт ва як рӯз баъд ӯро дар шаҳри Чирчиқ ба хок супориданд.
Александр Шишлянников соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олӣ ба ҳайси аввалин вазири мудофиаи Тоҷикистон интихоб шуда буд.
Ин генерали артиши Узбекистон то соли 1995 дар ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиа буд. Мунтақидон оқои Раҳмонро барои таини намояндаи кишвари дигар ба ҳайси вазири мудофиа танқид мекарданд. Президенти Тоҷикистон дар як суҳбаташ гуфта буд, дар Тоҷикистоне, ки гирифтори ҷанг буд, кадр пайдо нашуд ва барои ҳамин аз кишвари ҳамсоя генералҳоро оварда, артиш ташкил кард.