Ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба киштии ҷангии Русия

Киштии ҷангии Русияро баъди ҳамла кашола карда мебаранд

Расонаҳо аз ҳамлаи бесарнишинҳои украинӣ ба киштии русии "Самум" дар Баҳри Сиёҳ хабар доданд. Нашрияи "Украинская правда" 14-уми сентябр хабар дод, ки кишти ҷангии Русия эҳтимол дар пайи ин ҳамла осеб дидааст.

Рӯзи 14 сентябр Вазорати дифои Русия ҳамлаи бесарнишинҳо ба киштии "Самум"-ро тасдиқ кард, аммо гуфт он муваффақ набуд.

Аммо дар аксҳое, ки "Украинская правда" нашр кард дида мешавад, ки киштии "Самум"-ро кашола карда мебаранд. Гуфта мешавад, акс аз манобеи Хадамоти амнияти Украина гирифта шудааст. Маълум нест, ки акс кай гирифта шудааст.

Ба навиштаи ин нашрия, бесарнишинҳо ба пушти рости киштӣ бархӯрданд ва "Самум" суръатро гум кард.