Мирзиёев баҳси "Қуштеппа"-ро дар Душанбе бардошт
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Президенти Узбекистон мегӯяд, агар Афғонистон канали “Қуштеппа”-ро дар дарёи Ому ба кор дарорад, тавозуни об дар Осиёи Марказӣ тағйир хоҳад ёфт. Шавкат Мирзиёев ба ҳамин далел рӯзи 15-уми сентябр дар Душанбе даъват кард, ки ҳокимони феълии Кобул ба гуфтугӯҳо дар масъалаи оби минтақа ҷалб карда шаванд. Роҳбарони кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ вокуниш накарданд.