Русия аз 2 дипломати амрикоӣ хостааст, қаламравашро тарк кунанд

Сафорати Амрико дар Маскав.

Вазорати умури хориҷии Русия аз ду корманди сафорати Амрико дар шаҳри Маскав талаб кардааст, ки давоми 7 рӯз ин кишварро тарк кунанд.

Тибқи иттилои вазорат, сафири ИМА дар Русия Линн Трейсӣ рӯзи 14 сентябр ба ин ниҳод даъват ва ба ӯ гуфта шудааст, ки "амалҳои котиби аввал ва дувуми сафорати Амрико дар Маскав -- Ҷеффри Силлин ва Дэвид Бернштейн бо мақоми дипломатӣ созгор нестанд".

Дар нотаи расмӣ ҳамчунин гуфта шуда, ки дипломатҳои амрикоӣ бо шаҳрванди Русия Роберт Шонов робита барқарор карда, гӯё бар ивази маблағ ба ӯ вазифаҳоеро медодаанд, ки ҳадафашон осеб расондан ба амнияти миллии Русия будааст.

Сафорати ИМА дар Маскав ҳама иттиҳомҳои ҷониби Русияро рад ва дар робита ба "тарсонидану таъқиб намудани кормандони сафорат" эътирози сахт баён кардааст.

Роберт Шонов корманди собиқи консулгарии ИМА дар Владивостоки Русия аст. ТАСС рӯзи 15 май аз боздошти Шонов хабар дода буд. Вайро ҳанӯз дар моҳи март ба ҳабс гирифта, ба ҳамкориҳои махфӣ бо "як кишвари дигар" муттаҳам мекунанд.