Ин сафар ба замоне рост омад, ки раҳбарони панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар пойтахти Тоҷикистон ҷамъ омадаанд. Нишасти панҷуми машваратии онҳо дар рӯзҳои 14-15-уми сентябр дар Душанбе мегузарад ва чанд моҳ пеш эълон шуда буд.
Сомонаи президенти Тоҷикистон Илҳом Алиевро "меҳмони фахрӣ" дар нишасти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ номид. Ҳамзамон, ба иттилои манбаъ, Эмомалӣ Раҳмон ва Илҳом Алиев дар мулоқоти ҷудогона "ҳамкории Тоҷикистону Озарбойҷон"-ро баррасӣ намудаанд.
Вебсайтҳои рӯ ба ҳукумат дар Озарбойҷон навиштанд, ки мулоқот паси дарҳои баста гузашт. Ҷузъиёт нашр нашудааст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Дидори раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ. Талош барои мавқеи муштарак? ВИДЕОТаҳлилгароне, ки бо Радиои Озодӣ суҳбат карданд, сафари раҳбари яке аз кишварҳои Қафқози Ҷанубиро ба ниёзмандии Боку ба дарёфти пуштибонии ҳампаймонҳояш аз Осиёи Марказӣ пайванд доданд.
Аркадий Дубнов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, ба Радиои Озодӣ гуфт, дар шароити амиқрафти низои Озарбойҷону Арманистон, "Алиев ба мадади кишварҳои ҳамфарҳангаш дар минтақа ниёз дорад".
Ба бовари Дубнов, "интихоботи охир дар минтақаи эътирофношудаи Қаробоғи Кӯҳӣ, ки аз ҷониби бисёре аз пойтахтҳои ҷаҳон ҳамчун маъракаи ғайриқонунӣ маҳкум шуд, сабаби сар задани буҳрони нав дар Қафқози Ҷанубӣ гардид. Интихоботро Узбекистон ва Қазоқистон ҳам эътироф накарданд. Набояд фаромӯш кунем, ки Озарбойҷонро бо бисёре аз кишварҳои Осиёи Марказӣ узвияташ дар Созмони кишварҳои туркзабон муттаҳид мекунад ва он суннатан аз Озарбойҷон дар ихтилофҳояш бо Арманистон ҳимоят мекунад."
"Бо боварӣ мешавад гуфт, ки дар Душанбе барои Алиев минбаре барои баёни шароити эҷоди созишномаи сулҳ бо Ереван ва ҳам масъалаи доғи имрӯз – пешгирӣ аз фоҷеаи башарӣ дар Қаробоғи Кӯҳӣ фароҳам мешавад," – илова кард ӯ.
Таҳлилгари тоҷик Парвиз Муллоҷонов ҳам буҳрони охирро бо Арманистон сабаби асосии сафари раиси ҷумҳурии Озарбойҷон ба Душанбе донист. Вай дар як шарҳаш ба Радиои Озодӣ навишт: "Дар ин ҷо шояд масъалаи низоъ бо Арманистон бошад, ки вазъият наздик ба оғози ҷанг омадааст. Шояд дар ҷустуҷӯйи мадади дипломатӣ аз аъзои СПАД бошад."
Муллоҷонов афзуд, "Арманистон узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ аст ва агар ҷанги калон шавад, ин созмон бояд ягон вокуниш нишон диҳад."
Илҳом Алиев ҳамагӣ панҷ моҳ пеш ба Тоҷикистон омада буд.
Тоҷикистон бо Озарбойҷони ғанӣ аз нафт ва кишваре бо тақрибан 80 миллиард доллар Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилӣ дар соли 2022 танҳо ба беш аз 6 миллион доллар додугирифт доштааст. Миёни ду кишвар даҳҳо санади ҳамкорӣ имзо шудааст, ки энергетика, маъдан ва кишоварзӣ аз бахшҳои муҳимтарини он гуфта мешавад.