Дар ҷаласа, ки бо иштироки сарвазир Абдулло Орифов ва раиси Хадамоти амнияти давлатии Узбекистон Абдусалом Азизов баргузор гашт, аз "афзоиши ифротгароии динӣ" дар он кишвар изҳори нигаронӣ шудааст.
Як манбаъ, ки дар ҷаласа ҳузур дошт, гуфт, мақомот зиёд шудани намозхонӣ дар коргоҳ, бисёрникоҳӣ ва ба чорабиниҳои мазҳабӣ рафтани хидматчиёни давлатиро ба шиддат танқид кардаанд.
"Мансабдорон ё динро ва ё кор дар ниҳодҳои давлатиро бояд интихоб кунанд", - иқтибос овардааст манбаъ аз суханони Орифов. Ба гуфтаи сарвазири Узбекистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи он кишвар акнун назоратро дар ин самт тақвият хоҳанд дод.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз расонаҳои Узбекистон хабар доданд, ки садои баландгӯякҳо дар чанд масҷиди он кишвар хомӯш карда шудааст.
Имоми пешини масҷиди "Домбробод"-и шаҳри Тошканд дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, мақомоти Узбекистон мехоҳанд, азонро тавассути баландгӯякҳо дар масҷид манъ кунанд. Идораи мусулмонони Узбекистон ин иддаоро рад кард.