Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон навишт, ки Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов (Жапаров) "масъалаҳои муҳим, аз ҷумла аломатгузории марзро баррасӣ карданд."
Тафсилоти суҳбати онҳо дар бораи марз дастрас нест. Ҷониби Тоҷикистон мулоқотро тасдиқ кард, вале дар масъалаи марз ҳеч ишорае нанамуд.
Дафтари матбуоти президенти Тоҷикистон танҳо ҳаминро гуфт, ки "ҷонибҳо ба рушди ҳамкорӣ… таваҷҷуҳ зоҳир карда, аз идомаи муколамаи мунтазами сиёсӣ ҷонибдорӣ намуданд.”
Содир Ҷабборов (Жапаров), раиси ҷумҳурии Қирғизистон, рӯзи 14-уми сентябр барои иштирок дар нишасти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ ба Душанбе омад. Ин мулоқот 14-15-уми сентябр дар пойтахти Тоҷикистон мегузарад. Аз соли 2017 ба ин сӯ ин нишасти панҷуми машаваратист.
Тоҷикистону Қирғизистон ба сабаби ҷанҷолҳои марзӣ, ки дар моҳи апрели соли 2021 ва сентябри 2022 аз ду тараф даҳҳо кушта ва садҳо захмӣ бар ҷой гузошт, муносибати хуб надоранд.
Аз тақрибан ҳазор километр сарҳади ду ҷумҳурӣ беш аз сесад километри он дақиқу нишонагузорӣ нашудааст.
Раҳбарони Узбекистону Қазоқистон, Туркманистон ва Озарбойҷон низ рӯзи 14-уми сентябр ба Душанбе расиданд.