Кормандони дармонгоҳҳо ва бемористонҳои Русия аз ҳаққи истифодаи телефони iPhone маҳрум карда шудаанд. Ин маҳдудият ҳатто ба ронандагон ва фаррошони муассисаҳо низ дахл дорад.
Ба онҳо пешниҳод шудааст, ки ба ҷойи iPhone телефонҳои русӣ ё чинӣ бигиранд. Раҳбарияти беморхонаҳо ба кормандони худ дастур додаанд, ки ҳатто аз барномаҳои GPS ва Bluetooth истифода набаранд.
Ҳамчунин истифодаи паёмакрасони маъруфи WhatsApp, Skype ё Viber низ манъ карда шудааст.
Хадамоти федеролии амнияти Русия (ФСБ) 1-уми июни имсол хабар дод, ки "як маъракаи ҷосусии кормандони Хадамоти иктишофии Амрикоро бо истифода аз дастгоҳҳои навъи Apple ошкор кардааст.
Дар натиҷа ба мансабдорон, вазирон ва иштирокдорони ҷаласаҳои ҳукумати Русия дастур шуд, ки бо худ телефонҳои iPhone нагиранд.