Ханипов дар гузашта чун ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон ба муҳоҷирати корӣ ба Русия мерафт. Дар сохтмон кор мекард. Ҳоло мегӯяд, дар Русия ёфтани ҷойи кори хуб мушкил шудааст ва аз ин рӯ ба Аврупо рӯй овард.
"Як сол дар Русия дар сохтмон кор кардам. Бисёр азоб кашидам. Муҳоҷират дар Русия мушкилтар мешавад," -- гуфт ҳамсуҳбати мо.
Талабшо Ханипов ба умеди даромади хуб ва беҳтар кардани зиндагии хонаводааш роҳии Аврупо мешавад. Ин сокини ноҳияи Рашт ба онҳое, ки хоҳони кор дар Аврупо ҳастанд, тавсия медиҳад, ки бе миёнарав ва ба воситаи интернет кор биҷӯянд.
"Суроға ва рақами телефони ширкатҳои боркашонӣ дар интернет ҳаст. Агар забони русиро донед ва телефонро хуб истифода бурда тавонед, даромада дархост нависед, ки ронанда ҳастам ва мошини боркашро ронда метавонам," -- афзуд ӯ.
Шаҳрвандони Тоҷикистон солҳои охир талош мекунанд, ки ба ҷуз аз Русия барои кор ба Аврупо ё Кореяи Ҷанубӣ раванд. Тоҷикистониҳо барои сафар ба ин кишварҳо бояд раводид (виза) гиранд. Солҳои охир ҳолатҳое ҳам буд, ки аз сокинон бо ваъдаи кор дар Аврупо маблағ гирифта, фиреб додаанд.
Барои намуна соли 2019 Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ду масъули ширкати "Гардуна"-ро барои фиреби даҳҳо нафар ва аз худ кардани 90 ҳазор доллари онҳо ҳашт сол зиндонӣ кард. Ҷабрдидаҳо гуфтанд, ки барои рафтан ба Аврупо ба ин ширкат пул дода буданд.
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шахсоне, ки дар ин самт таҷрибаи корӣ доранд, мегӯянд, муҳоҷират ба Аврупо чандон мушкил нест, агар корҷуён ба доми қаллобон науфтанд. Илҳом Маликов чанд сол боз дар Аврупо ҳамчун ронандаи мошини борбар кор мекунад. Ӯ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба корҷӯён машварат медиҳад.
Маликов мегӯяд, чанд дафъа ба хоҳишмандони кор дар Аврупо фаҳмонд, ки барои омадан ба касе маблағ надиҳанд, аммо вазъият тағйир наёфт.
"Баъзе аз бародарон то 45 ҳазор сомонӣ дода, ба инҷо меомадаанд. То ҳол ин кор ҳаст, ҳаминро фаҳмонед: эй бародарони тоҷик, омадан ба Аврупо умуман бепул аст. Лекин талабот рондани мошинҳои боркаш ва донистани кори дастгоҳ (тахограф) аст, ки тамоми ҳаракатро сабт мекунад," -- мегӯяд муҳоҷири тоҷик.
Тибқи гузориши Маркази тадқиқоти масъалаҳои амнияти Аврупо (Center for European Security Studies), сабаби асосии ба кишварҳои назди Балтик рӯ овардани муҳоҷирон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ кам будани даромад дар ин минтақа аст.
Дар ҳоле ки муҳоҷирон аз кишварҳои ОМ мехоҳанд ба Литва, Латвия ва Эстония раванд, сокинони ин кишварҳо барои кори беҳтар ба дигар кишварҳои сарватманди Аврупо мераванд. Барои ҳамин, кишварҳои назди Балтик ба қувваи кории бештар ниёз доранд.
Яке аз соҳаҳое, ки бештар ба нерӯи корӣ ниёз доштааст, бахши интиқоли молу коло будааст. Ширкатҳои зиёд дар ин кишварҳо дар сомонаҳои худ эълон медиҳанд ва довталабони зиёдеро аз кишварҳои пасошӯравиро ба кор ҷалб мекунанд. Ҳарчанд роҳ осон нест, аммо шахсоне мисли Талабшо Ханипов мехоҳанд бахти худро дар Аврупо санҷанд.