Муҳоҷирон мегӯянд, бо вуҷуди нигарониҳо амалиёти мақомоти Русия ба зидди коргарони хориҷӣ ҳамчунон идома дорад. Танҳо, ба гуфтаи онҳо, дар ҳафтаҳои охир мақомот бештар ба шахсоне диққати бештар медиҳанд, ки шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Дар шаҳри Краснодар ҳам баъд аз намози ҷумъа пулис рейд гузарондааст. Яке аз муҳоҷирон бо фиристодани чанд навор ба Радиои Озодӣ гуфт, кормандони ОМОН баромадгоҳҳоро бастанд ва санади намозгузоронро санҷиданд.
“Одамонро баъди баромадан аз масҷид тафтиш карданд. Ба шахсони душаҳрвандӣ гуфтанд, ки баъд аз ду рӯз ба комиссариати ҳарбӣ раванд. Ҳуҷҷати онҳоеро, ки ҳаққи иқомат доштанд, акс гирифтанд. Муҳоҷиронеро, ки санадҳояшон мушкил дошт, бо худ бурданд,” -- гуфт ин муҳоҷири тоҷик.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Садҳо муҳоҷир аз Тоҷикистон солҳои охир барои раҳоӣ аз пардохти маблағи патент ва таъқиби пулис талош карданд, шиносномаи Русияро соҳиб шаванд. Танҳо дар 6 моҳи аввали имсол тахминан 87 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрвандии Русия гирифтаанд, ки дар муқоиса бо ин давраи соли гузашта ҳудуди 13 ҳазор нафар бештар мебошад.
Сарфи назар аз даъвати ҳомиёни ҳуқуқ барои худдорӣ аз гирифтани шаҳрвандии Русия дар пасманзари ҷанг бо Украина, имсол аз ҳама бештар тоҷикистониён шиносномаи русӣ гирифтаанд.
Коршиносон мегӯянд, вазъи Русия дигар пешгӯшаванда нест ва ҳар лаҳза хатари ҷалб ба ҷанг дар Украина вуҷуд дорад. Ягона роҳ, ба гуфтаи онҳо, берун шудан аз Русия аст. Пешниҳоде, ки аксар муҳоҷирон барои аз даст надодани даромадашон қабул надоранд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД:
"Аввал хидмат, баъд шаҳрвандӣ." Идомаи амалиёти зидди муҳоҷирон дар Русия. ВИДЕОАмалиёти нав ё "шикор"-и муҳоҷироне, ки шаҳрвандии Русияро дорандРусия мехоҳад, шаҳрвандии муҳоҷиронро, барои саркашӣ аз қайди ҳарбӣ бекор кунадАввал сабти ном дар комиссариати ҳарбӣ, баъд шиносномаи русӣ