Русия: Боздошту азияти муҳоҷирон дар ҷойи кор ва ибодат
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Баъд аз намози ҷумъа (8-уми сентябр) дар чанд шаҳри Русия муҳоҷиронро тафтиш карда, шахсони душаҳрвандиро барои сабти ном ба комисарриатҳои ҳарбӣ бурдаанд. Радиои Озодӣ наворҳоро дар ин бора рӯзи 11-уми сентябр дастрас кард. Аз моҳи май боздошту фишор ва ихроҷи муҳоҷирон аз Русия давом дорад.