Боздошти 36 тоҷик, аз ҷумла 18 ноболиғ дар Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон ҳангоми амалиёти "Участок" 36 шаҳрванди Тоҷикистонро дар бозоре дар Алмато дастгир кардаанд.

Сомонаи Policia.kz рӯзи 8-уми сентябри имсол иттилоъ дод, ки 18 нафари онҳо ноболиғ ҳастанд.

Асхат Бутунчинов, сардори Идораи муҳоҷирати пулиси Алмато, гуфтааст, "онҳо 16-17-сола ҳастанд ва барои чораандешӣ ба идораи пулис бурда шуданд."

Дигаронро, ки ба қавли ӯ санад надоштанд, ба боздоштгоҳи муваққатӣ фиристоданд.

Қазоқистон баъд аз Русия кишвари дувуми муҳоҷирпазир аз Тоҷикистон аст.

Бар асоси ҳисобҳои гуногун, дар ин кишвар аз 10 то 12 ҳазор муҳоҷири тоҷик кор мекунанд.