Ба хабари телевизиони "Дожд", Виталий Брижатий президенти Русияро "ҷинояткор" хонда, гуфтааст, "мухолифи ҷанг дар Украина мебошад".
Брижатий дар деҳаи Олива, дар соҳили ҷанубии Қрим, бӯстонсарои Путинро посбонӣ мекард. Дар ҳамсоягии он истироҳатгоҳи президенти собиқи Русия Дмитрий Медведев ва раиси Хадамоти федеролии амният Александр Бортников ҷойгир аст.
Ба гуфтаи Виталий Брижатий, Путин амнияташро ба касе бовар намекунад, ҳатто ба муҳофизонаш.
"Онҳо намедонанд, ки президент дар куҷост. Шояд хабар диҳанд, ки ӯ дар бӯстонсарост ва ҳама давида, онҷоро посбонӣ кунанд, дар асл Путин метавонад дар ҷойи дигар бошад," – нақл кардааст маъмури собиқи ФСБ.
Ба гуфтаи ӯ, сафарҳои Путинро ба Қрим якбора дар фурудгоҳҳои Севастопол ва Симферопол эълон мекунанд, ки масофаи байни онҳо беш аз 100 километр аст. "Президент метавонад ба воситаи дигар, масалан, роҳи баҳрӣ биёяд. Ин одам ҳамин тавр аз ҷони худ метарсад," – афзудааст Брижатий.