Соли 1955, Сталинобод (Душанбе). Бо роҳбарии Ғуломҳайдар Ғуломалиев аз шумори зодагони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон насли дуюми Ансамбли тарона ва рақси Помир дар назди Филармонияи давлатии Тоҷикистон ташкил шуд. Маҳз ҳамин ансамбл Мастибек ва Устоқадамро ба ҳам овард.
- Устоқадам Машрабов 15-уми апрели соли 1935 дар ноҳияи Ҷилликӯли собиқ (ҳоло Дӯстӣ) таваллуд шудааст.
- Мастибек Паллаев 10-уми сентябри соли 1939 (дар баъзе манбаъҳо 10-уми октябр зикр шудааст) дар деҳаи Вамари ноҳияи Рӯшони ВМКБ ба дунё омадааст.
Рӯзноманигор Тиллои Некқадам мегӯяд, "Мастибек аввал ҳамчун сарояндаи сурудҳои лирикӣ машҳур буд. "Гулбутта"-ро ҳамроҳи Нуқра Раҳматова мехонданд. Устоқадам ҳамроҳи Хушназар Майбалиев сурудҳои ҳаҷвӣ мехонд. Вақте Майбалиевро барои таҳсил ба Маскав фиристоданд, Устоқадам танҳо монд. Аъзои ансамбл ба хулосае омаданд, ки фақат Мастибек метавонад бо Устоқадам суруд хонад."
Тиллои Некқадам муаллифи "Лолаҳои Бадахшон" аст, ки ба кори Ансамбли тарона ва рақси Помир бахшида шудааст. Ба суоли ин ки чаро ду ширинкор маҳз Усто ва Масто ном гирифтанд, чунин посух дод: "Устоқадам аллакай ҳамчун Усто машҳур буд. Гуфтанд, яке Усто аст, дигариро чӣ номем? Пешниҳод шуд, ки Масто. Ҳамин тавр, тахмин дар солҳои 1955-1956 ду ном пайдо шуд: Усто ва Масто."
Ансамбл соли 1962, пас аз марги Ғуломҳайдар Ғуломалиев барҳам хӯрд. 60 узви дастаро, ки ҳар кадом бо ҳунару маҳорат аз ҳам фарқ доштанд, ба ҳар гӯшае тақсим карданд. Устоқадам ва Мастибек ҳамроҳи ҳамсарони худ дар Филармония монданд. Бахтибегим ва Раъно низ аъзои даста буданд.
31-уми январи 1984, шоҳроҳи Қӯрғонтеппа-Ғароутӣ. Мошине бо суръати боло ба тарафи Душанбе ҳаракат мекард. Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев дар ноҳияи Ҷилликӯли собиқ (ҳоло Дӯстӣ) сафари ҳунарӣ доштанд, вале баъд аз тамоси фаврӣ аз Душанбе барои иштирок дар маъракаи ҳукуматӣ ба пойтахт бармегаштанд.
Садама ва марги Устоқадам Машрабов ва Мастибек Паллаев он рӯзро барои ҳамеша бо хати сиёҳ дар саҳифаи таърих ҷой дод. Марги пурасрор ва ошкорбаёнӣ дар ҳаҷви Усто ва Масто моро водор кард, ки ба зиндагиномаи онҳо таваҷҷуҳ кунем.
Дар робита ба ҳаёт ва кори ин ду шахс маълумот бисёр кам аст, ҷуз ҳолномаҳои кӯтоҳ. Дар Донишномаи озод саҳифаи ҳарду ҳаҷвнигор холист. Ҳамсари Устоқадам Раъно Давлатназарова чанд сол пеш даргузаштааст. Пайвнадони Мастибек Паллаев гуфтанд, саломатии ҳамсараш Бахтибегим Орифова хуб нест ва талоши суҳбат натиҷа надод. Дар бойгонии Филармонияи давлатӣ чизе вобаста ба зиндагии Усто ва Масто пайдо нагашт.
Шояд барои насли нав Усто ва Масто то ҷое ношинохта ҳастанд, вале насли пешин онҳоро хуб ба ёд дорад. Ба қавли овозхони маъруф Ҷӯрабек Муродов: "Бо ин мардони шариф ҳамкорӣ кардем, сафарҳои ҳунарӣ доштем, на танҳо дар дохил, балки хориҷи кишвар низ. Инсонҳое ҳастанд, ки ба 100 медароянд, вале касе аз онҳо ёд намекунад. Инҳо бо ҳунари хоси худ номи некашонро мондагор карданд. Дар Осиёи Марказӣ то ҳозир ҳамин хел ҳунар нест. Масалан суруди ҳаҷвӣ бо рақсаш, бо имову ишораи даст."
Мансабдорон, муфтхӯрон, майзадаҳо...
Сензура дар аҳди Шӯравӣ шадид буд ва на ҳар кас ҷуръати ошкорбаёниро дошт. Аммо мансабдорон, ришвагирону муфтхӯрон, майзадаҳо, коргурезон, бюрократҳо ва шахсони дар ҷомеа нолозим аз қаҳрамонони асосии танзи Усто ва Масто буданд.
Тиллои Некқадам мегӯяд, "азбас ҳукуматдорон мухлисашон буданд, эрод намегирифтанд, аммо ба консертҳои ҳукуматӣ кам даъват мешуданд. Ё вақте даъват мекарданд, мегуфтанд, ин сурудро хонед ва инро нахонед. Вақте танқидро бо суруди ҳаҷвӣ иҷро мекарданд, на ҳама роҳбарон ба он сарфаҳм мерафтанд, аммо сензура буд."
Соли 1974 ҳарду унвони Ҳунарпешаи хидматнишондодаи Тоҷикистони Шӯравиро гирифтанд. Ҳамон сол Донишкадаи ҳунарҳои зебо таъсис ёфт ва Устоқадам ва Мастибек донишҷӯйи ин даргоҳ шуданд ва соли 1979 онро хатм намуда, соҳиби диплом гаштанд.
Он рӯзгорро ҳамдарсашон Баҳром Сайфиддинов хуб ба ёд дорад: “Усто ва Масто ҳозирҷавоб буданд. Бисёр мутолиа мекарданд. Ҳамеша дар даруни сумкаҳояшон як китоби бадеӣ буд.”
"Дигар касе аз пайи қазия нашуд"
Одатан овоза ва ҳангома дар атрофи номи чеҳраҳои маъруф зиёд ба по мешавад. Ҳар воқеаи зиндагии ин гуна афрод мароқовар аст, ҳатто маргашон. Соли 1977 ҳунарманд ва ровии шинохта Маҳмудҷон Воҳидов ба таври фоҷиабор аз олам даргузашт. Ба ин монанд соли 1979 садамае сабаби марги овозхони маъруф Муқаддас Набиева шуд.
Моҷарои охири зиндагии Усто ва Масто ҳарфи бедушман будан ва маҳбуби ҳатто мақомдорон будани онҳоро зери суол мебарад. Барои мисол, чаро онҳоро ҳамон рӯз ба маъракаи ҳукуматӣ фавран даъват карданд? Дар ҳоле ки Усто ва Масто қариб аз ин имтиёз маҳрум буданд.
Тиллои Некқадам мегӯяд, "дар роҳи Ғароутӣ-Душанбе барфи тунук борида будааст. Жигули ба як притсеп бархӯрда, ба ҷарӣ сарозер мешавад. Дари Жигули боз намешавад. Аз дарун даста надоштааст. То замони расидани мардум Усто ҷон додааст. Масто дар роҳи беморхона ҷон медиҳад. Аз апаи Бахтибегим ва Раъно пурсидам, ки ҳамон шабу рӯз ягон кас тафтишот набурд, ки ҳодиса чӣ гуна рӯй дод? Онҳо гуфтанд, ғам доштем ва ба ин кор аҳамият намедодем. Милисаҳо омада, саросема тафтишот бурда, дар ним соат Судро гузаронданд... Дигар касе аз пайи қазия нашуд."
Видеоро дар инҷо бинед:
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад