Вазири корҳои хориҷии Амрико дар як паёме аз номи ҳукумати ин кишвар мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашни Истиқлолият табрик гуфт.
Тоҷикистон 32 сол қабл, дар таърихи 9-уми сентябри соли 1991 истиқлолияти худро эълон кард.
Энтони Блинкен дар паёми табрикотии худ ба таҳкими ҳамкориҳои ду кишвар дар арсаҳои мухталиф, аз ҷумла равобити иқтисодӣ ва дастгирии ҷомеаи шаҳрвандӣ ишора кард. “Мо таъкид мекунем, ки имкониятҳои зиёд барои идомаи ҳамкории муштарак ҷиҳати пешрафти робитаҳои иқтисодӣ, таҳкими амнияти минтақавӣ ва ҳифзи ҳуқуқи инсон вуҷуд доранд” омадааст, дар пайёми вазири корҳои хориҷии Амрико ба мардуми Тоҷикистон
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз аввалин кишварҳое аст, ки Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ба расмият шинохт. Соли гузашта, ду кишвар 30-солагии барқарории робитаҳои худро таҷлил карданд.
Сафорати ИМА гуфт, дар сӣ соли ахир ба Тоҷикистон барои таъмини амният беш аз 330 миллион доллар кумак расондааст. Дар умум кумакҳои ин кишвар ба Тоҷикистон сар аз соли 1992 то кунун беш аз 1,8 миллиард доллар будааст.