Мақомоти Русия рӯзҳои истироҳат ният доранд дар минтақаҳои украиние, ки соли гузашта ғайриқонунӣ ишғол кард, интихобот барпо кунад. Ин интихоботро ҳамчун талоши сахттар кардани назорат аз болои ин минтақаҳо арзёбӣ мекунанд.
Овоздиҳӣ барои интихоби маҷлиси таиншуда аз ҷониби Русия 8 сентябр дар Донетск, Луҳанск, Херсон ва Запороже шурӯъ шуда, то 10 сентябр давом мекунад. Ин маъракаро Киеву Ғарб маҳкум кардаанд. Шӯрои Аврупо, ки масъули ҳуқуқи башар дар минтақа аст, гуфт, Русия бо ин амалаш қонунҳои байналмилалиро ҳамоно поймол мекунад.